Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Русия сатҳи ифротгароӣ боло рафтааст


Дар Русия сатҳи ҷиноёти марбут ба ифротгароӣ боло меравад. Дар ин бора муовини аввали вазири умури дохилаи Русия Михаил Суходолский дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, аз оғози сол аз сӯи афроду гурӯҳҳои ифротгаро тақрибан 480 ҷиноят содир шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 13 дар сад бештар аст. Дар ин давра қочоқи силоҳ назар ба як соли пеш 8 дар сад афзоиш ёфт. Ҳамзамон, ба гуфтаи Михаил Суходолский, соли равон дар Русия одамрабоӣ, ғорату яғмо ва маблағситонӣ камтар сабт шудааст.
XS
SM
MD
LG