Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистони мо ҳама чиз ном дорад: матоъи бини Лодин, фурӯзонаки Раҳмон, девори арманӣ.

Охирин хабар ин аст, ки ба ришу мӯйлаб ҳам ном гузоштаанд: риши салафӣ ва риши таблиғӣ.

Ҳамеша риш доштан, бахусус, риши дарозро, ки орзу мекардам, таваҷҷӯҳам бештар ба ин нукта ҷалб шуд. Акнун намедонам ришамро чӣ ном гузорам.

Борҳо дӯстонам маро барои риши кӯтоҳу назебандаам танқид кардаанд. Баъзеи онҳо ҳатто писханд мезананд, ки бо вуҷуди талошҳои батакрор риши ман на дароз мешаваду на зебанда. Аз як тараф рост мегӯянд. Чунки риши ман дар як ҳафта базӯр то як сантиметр қад меёзонад ва он ҳам хеле якка. Зоҳиран, ришҳои Пушкинро ба хотир меоранд, ки дар ду тарафи рӯй дар шакли ҷингила пайдо шудаанд ва гоҳо аз будан набуданашон афзалтар.

Аммо ҳаргиз фикр намекардам, ки бо назар андохтан ба ин ришҳои кӯтоҳу назарногирам маро ба пайравӣ аз ягон равияе ё мазҳабе шубҳа мекунанд. Агарчӣ дар як соли пеш, замоне ки почаҳои шими худро як қад боло мекардам, ҳамагӣ маро ба пайравони ҷараёнҳои тозапайдои мазҳабӣ дар кишвар шабеҳ медонистанд.

Ин ҳам дарди бахайр. Як рӯз ҷавонеро, ки мешинохтам ба назди ман омад. Дидам, ки ришҳояшро кӯтоҳ карда, онро аз ҳар ду тараф хеле борик тарошидааст. Гуфтам, ки риши замонавӣ гузоштаӣ, оромист? Хандиду гуфт, ки “ту ҳам мондаӣ, мо ҳам мондаем”.

Баръакс, ӯ маро таъна зад ва риши маро ба риши салафиҳо монанд кард. Ҳайратам афзуд ва пурсидам, ки ба чӣ маъно риши ман ба салафиҳо монанд аст ва аз куҷо донист, ки мисли салафиҳо риш мондаам. Бепарво ҷавоб дод, ки риши ман якка аст, яъне кӯса ва гӯиё ӯ аз ҳамин аломат маро ба салафиҳо монанд кардааст. Шояд ӯ рост мегуфт, шояд ин ҳама монандкуниҳоро аз куҷои дигаре шунидааст, ки ҳақиқате надорад.

Вале пештар аз ин шунида будам, ки пайравони “Ҷамоати Таблиғ”-ро дар Тоҷикистон аз рӯйи ришҳояшон мешинохтаанд. Ҳатто ба гуфтаи падари яке аз онҳо ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ додрас аз таблиғиҳо пурсидааст, аз куҷо якдигарро мешиносед, ки шумо пайрави ҷамоаи таблиғед. Онҳо дар ҷавоб гуфтаанд, ки аз рӯйи риш ва хандаашон.

Падари як узви маҳкумшудаи “Ҷамоати Таблиғ” гуфт, ки таблиғиҳо аксаран мӯйлаби худро бориктар мегузоранд. Зеро ба гуфтаи ӯ, агар он паҳну дароз бошад, ҳангоми ғизохӯрӣ халал мерасонад.

Акнун мефаҳамам, ки шояд беэҳтиётона риш гузоштан ҳам ба соҳибаш дарди саре оварад. Бахусус, ки риши шумо ба риши салафиҳову таблиғиҳо монанд бошад. Аммо ҳоло Худоро шукр мегӯям, ки мақомот аз рӯйи риш ва ё намуди зоҳирӣ салафиҳову таблиғиҳоро “шикор” намекунанд. Вагарна, аз рӯйи ин аломат кайҳо ман ҳам ба ин гурӯҳ мепайвастам?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG