Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Абдулхолиқ Абдулбоқиев, сармутахассиси Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб оид ба корҳои табобатӣ мегӯяд, дар беморхонаи бемориҳои сироятӣ ва дигар беморхонаҳои минтақаи Кӯлоб наздики 20 рахти хоб барои гирифторони эҳтимолии зукоми хук омода шудааст.

Аммо ба гуфтаи ӯ, аз сабабе, ки ба беморхонаҳо дорӯҳои зиддизукомӣ то ҳанӯз ворид нашудааст, дар сурати кашфи чунин афрод, онҳоро дар беморхонаҳо танҳо ба хотирӣ ба дигарон сироят накардан бистарӣ хоҳанд кард.

Ҷаноби Абдулбоқиев мегӯяд, онҳо ба ҷуз чунин тасмим дар ҳоли ҳозир наметавонанд, кори дигаре анҷом диҳанд.

Cокинон мегӯянд, онҳо аз хавфи гирифтори ба ин зуком борҳо ҳангоми гирифтор шудан ба зукоми маъмулӣ ба беморхонаҳои шаҳр муроҷиат намудаанд, вале пизишкон дар муоинаи эшон оҷиз мондаанд.

Рустам Муродов, як сокини шаҳр мегӯяд, бархе пизишкон ин зукомро бофта медонанд ва баҳри ҷилавгирии он ҷиддӣ кор намебаранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, ҳар рӯз хабари фавти сокинони кишварҳои гуногун аз ҳисоби ин зуком ба гӯш мерасад.

Феълан, масъулини идораи вогиршиносии минтақаи Кӯлоб беш аз 60 ташхиси гумонбари гирифтор ба зукоми хукро барои ташхис ба Душанбе ирсол доштаанд, вале то ба ҳол дар ин самт посухи мусбат ё манфӣ дарёфт накардаанд.
XS
SM
MD
LG