Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Браун хостори рафъи ихтилофот оид ба тағйири иқлим шуд


Сарвазири Британия Гордон Браун аз сарони кишварҳои олам даъват кард, ки ихтилофи назарҳо дар конфаронси СММ оид ба мушкили тағйири иқлимро рафъ кунанд ва дар мавриди маҳдудсозии партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо ба созиш бирасанд. Зимни суханронӣ дар нишасти Копенҳаген Браун пешниҳод кард, ки барои мубориза бо гармшавии иқлим маблағи бузург ҷудо карда ва ба ин васила аз нобудшавии сайёра ҷилавгирӣ шавад. Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, дар як нишасти хабарӣ дар Копенҳаген аз ин пешниҳод пуштибонӣ кард ва гуфт, ки "ИМА омода аст, ки бо дигар кишварҳо барои то соли 2020 ҷалб кардани 100 миллиард доллар ба хотири бароварда сохтани ниёзмандиҳои кишварҳои дар ҳоли рушд дар мубориза бо тағйири иқлим ҳамкорӣ кунад".
Аз ин пеш Кевин Радд, сарвазири Австралия изҳор карда буд, ки музокирот оид ба таҳияи созиши ниҳоӣ дар мавриди мубориза бо гармшавии иқлим дар вартаи шикаст қарор дорад. Гуфта мешавад, ки кишварҳои пешрафта ва мамолики дар ҳоли рушд дар робита ба ҳаҷми партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо ва раванди назорати партоби ин газҳо то ҳол ба мувофиқа нарасидаанд. Қарор аст, ки фардо сарони 120 кишвари олам зери созишномаи ниҳоии конфаронси Копенҳаген имзо гузоранд.
XS
SM
MD
LG