Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар инфиҷорҳо дар Ингушистон ду кас кушта шуданд


Бар асари инфиҷор дар як постгоҳи нозирони роҳ дар канори шаҳри Назрани Ингушистон ёздаҳ нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи кумитаи тафтишотиии Додситонии ин ҷумҳурии воқеъ дар минтақаи Қафқози шимолии Русия, як маргталаб бо мошини ҳомили маводи тарканда ба постгоҳ ҳамла кардааст. Гуфта мешавад, ки нерӯи инфиҷор ба даҳҳо килограмм тротил баробар буд.
Аз ин пеш бар асари инфиҷори як мошин дар Ингушистон Лайло Ҷониева, ҳамсари яке аз раҳбарони пешини мухолифин Машариф Аушев, маҷрӯҳ шуд. Дар ин ҳодиса модар ва барродари Лайло Ҷониева ба ҳалокат расиданд. Худи Машариф Аушев моҳи октябри соли равон аз сӯи афроди ношинос ба қатл расида буд.
XS
SM
MD
LG