Пайвандҳои дастрасӣ

Зимистони имсолаи Ӯзбакистон сард омад. Дар баъзе маҳалҳо аз рӯзҳои аввали моҳи декабр ҳаво зери дараҷаи сифр фаромада бориши барф ҳам барвақт шурӯъ шуд. Ин гуна ҳавои номусоид барои бисёр хонаводаҳои оддии ин ҷумҳурӣ мушкилоти зиёд эҷод мекунад: баробари фарорасии сардиҳо дар хонаҳои сокинони навоҳияву манотиқи дуртар аз маркази Ӯзбакистон барқ ва газ қатъ мешавад. Ин мардум маъмулан байни худ, дар сӯҳбатҳои хусусӣ шикоят мекунанд, ки ҳарчанд сокини як кишвари содиркунандаи газ мебошанд, вале баҳраи онро дигарҳо мебинанд. Дар Ӯзбакистон аз хурд то бузург медонанд, ки даромади аслӣ аз фурӯши газ ва захираҳои дигари кишвар, ба мисли нафту тиллову пахта ба кисаи хонаводаи раиси ҷумҳурӣ Ислом Каримов ва махсусан ҳисобҳои хориҷии духтари ӯ Гулнора меравад.

Воридшавии исми Гулнора Каримова ба феҳрасти сокинони сарватманди нави Швейсария аз рӯи арзёбиҳои маҷаллаи иқтисодии Bilan ҳафтаи ҷорӣ аз сӯе бисёриҳоро ҳайратзада кард, вале аз сӯи дигар шакку гумонҳои дигарҳоро рафъ кард, ки мегӯянд, ӯ воқеан ҳам аз моликдорони аслии сарватҳои Ӯзбакистон мебошад. Ин маҷалла дороиҳои духтари президентро дар ҳудуди 600-700 миллион франки швейсарӣ, муодили ҳамин қадар доллари амрикоӣ баровард кардааст. Ӯ дар миёни сарватмандҳои маҳалливу хориҷии Швейсария дар мақоми шашум буда, аз миёни занҳо дар ҷои нӯҳуми ин рӯйхат ҷой гирифтааст. Бояд ёдовар шуд, ки Гулнора Каримова ба ҳайси намояндаи доимии Ӯзбакистон дар сохторҳои аврупоии СММ ва ҳам дигар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Женева вориди ин феҳраст шудааст.

Вале то куҷо ин пулҳо воқеан ҳам моли хусусии ӯ буда метавонад? Ба ин савол Алишер Таксанов, журналисти ӯзбак ва дипломати собиқ дар сӯҳбат бо бахши ӯзбакии радиои Озодӣ чунин гуфт:

“Шояд ин пулҳо аз ширкати “Зеромакс”-и ӯ, ё аз фурӯши тилло, нафт ё пахта ба даст омада бошад. Ба фикри ман, ин он
Дар Ӯзбакистон аз хурд то бузург медонанд, ки даромади аслӣ аз фурӯши газ ва захираҳои дигари кишвар, ба мисли нафту тиллову пахта ба кисаи хонаводаи раиси ҷумҳурӣ Ислом Каримов ва махсусан ҳисобҳои хориҷии духтари ӯ Гулнора меравад.
миқдори пулест, ки ба журналистон маълум шудааст. Вале боигарии Каримов бояд аз ин ҳам бештар бошад. Ҳаҷми воқеиии дороиҳои ӯро ҳеҷ кас намедонад. Ман аз хадамоти марказии истихборот бо як кас дар ин бора сӯҳбат карда будам, вай гуфт, ки сармояи оилаи Каримов дар хориҷа, аз ҳисоби сармоягузориҳову пулҳое, ки дар банк ҳастанд, аз чор то ҳафт миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин бисёр рақами калон аст. Ин пул ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Ӯзбакистон ва ҳам аз панҷ як қисми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишварро ташкил медиҳад”.


Фарҳод Иноғомбоев дар гузашта сармуҳосиби хусусии духтари президент будааст. Ҳоло ӯ дар Амрико ба сар мебарад. Вай мегӯяд, ворид шудан ба ин рӯйхат барои худи Гулнора Каримова хеле муҳим буда ба ӯ мавқеи хосе медиҳад. Оқои Иноғомбоев гуфт:

“Ман аниқ гуфта наметавонам, ки оё ҳамаи ин пулҳо ва ё фақат қисмаш марбут ба Гулнора Каримова аст. Дар Швейсария акнун инро ошкор менависанд ва исми Гулнора Каримова дар чунин рӯйхатҳои вижа дар сатҳи аврупоӣ ҳам пайдо мешавад. Ӯ худро як олигарх мешуморад. Дарвоқеъ пули ӯ чанд аст - 600 миллион ё 700 миллион ё як миллиард? - маълум нест. Барои ӯ муҳимтар аст, ки исмаш дар қатори олигархҳо зикр шуда бошад”.

Мақоми ҳуқуқии Гулнора Каримова дипломат ва як корманди давлатӣ мебошад. Дар Ӯзбакистон маоши расмии як мақомдори сатҳи боло тақрибан 100-150 долларро ташкил медиҳад. Як таҳлилгари дигари ӯзбак, ки дар гузашта узви ҳукумати Каримов будааст гуфт, ҳарчанд дар Ӯзбакистон мардум исми доротаринҳоро бе ингуна рӯйхатҳо ҳам хуб медонанд, вале расман пайдо шудани исми Каримова дар як чунин феҳраст пеш аз ҳама аз лиҳози ахлоқиву инсонӣ вокунишҳои манфиро ба бор меорад. Камолиддин Рабимов дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дар ингуна ҳолат мавқеи ду гурӯҳи ҷомеа – мардуми оддӣ ва бюрократҳои ҳукуматӣ аз ҳам бо андак тафовут фарқ хоҳад кард:

“Назари мардуми оддии Ӯзбакистон нисбати хонаводаи Каримов кайҳост ба таври собит интиқодӣ мебошад. Гурӯҳи дигар – бюрократҳои маҳаллӣ ҳастанд, ки худ фасодзада мебошанд ва ба чунин феҳраст назар ба мардуми оддӣ бо интиқоди бештар муносибат хоҳанд кард. Онҳо на фақат атрофиёни Каримов, балки мақомдорони сатҳи вилоятиву минтақаӣ ҳастанд, яъне бюрократияи сатҳи миёнаро ташкил медиҳанд. Аз сӯе онҳо гурӯҳи бисёр огоҳ ҳастанд ва ҳамеша дар фикри кишвар, давлат, худ ва хешу наздикони худ мешаванд. Аз ин рӯ онҳо ҳамеша қишри пинҳонии мухолифонро ташкил хоҳанд дод. Танҳо гурӯҳе, ки дуогӯи дарозумрии Каримовҳо дар сари қудрат хоҳад буд, ин бюрократияи сатҳи баландтарин аст, чунки онҳо мефаҳманд, ки ҳифзи нуфуз ва қудрати онҳо ба пойдории ҳукумати Каримов вобастагии сахт дорад”.

Камолиддин Рабимов афзуд, ки агарчанд ҳам як қисми ин дороиҳои Гулнора Каримова сарвати хусусии ӯ бошад, аз тарафи дигар, вай аз саҳмгузорони аслии ришвату фасод дар кишвар аст, ки паёмадҳои ногуворе барои ин кишвар хоҳад дошт.

Бар тибқи як хабари дигар, Гулнора Каримова дар шаҳри Женева моҳи сентябр ҳавлие харидорӣ кардааст, ки 16-17 миллион франк ё ҳамин қадар доллари амрикоӣ арзиш дошта дар қаламрави 2471 метри квадратӣ ҷойгир шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG