Пайвандҳои дастрасӣ

Эмил Бок дубора сарвазири Руминия мешавад


Раисиҷумҳури тозаинтихоби Руминия Траян Бэсеску аз сарвазири пешин Эмил Бок хост, ки тайи даҳ рӯзи оянда ҳукумати навро ташкил кунад. Ҳукумати Эмил Бок моҳи октябр, баъд аз изҳори нобоварӣ аз сӯи парлумон, ба истеъфо рафта буд.
Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, айни ҳол Руминия ба мушкилоти сангини иқтисодӣ мувоҷеҳ аст ва талоши дарёфти кумак аз сӯи созмони ҷаҳонии молиявиро дорад.
XS
SM
MD
LG