Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Яман аз чанд ҳамлаи террористӣ ҷилавгирӣ шуд


Мақомоти Яман дар бораи ҷилавгирӣ аз чанд ҳамлаи террористии тарҳрезикардаи созмони “Ал-Қоида” хабар доданд. Ба иттилоъи вазорати дифоъи кишвар, бар асари як амалиёти вижа дар пойтахт - шаҳри Сано, минтақаи Арҳоб, воқеъ дар канори пойтахт ва дар шаҳри Абён 34 тан аз афроди мусаллаҳ кушта ва 17 нафар дастгир шуданд. Низомиёни воломақоми яманӣ гуфтаанд, ки маргталабҳои “Ал-Қоида” худро дар чанд мактаб ва муассисаи хориҷӣ инфиҷор карданӣ буданд.
XS
SM
MD
LG