Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати ду нафар аз ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин


Бар асари ҳамлаи ҳавоӣ ба як махфигоҳи эҳтимолии ошӯбгарон дар шимолу ғарби Покистон дасти кам ду нафар ба ҳалокат расиданд. Ба навиштаи хабаргузориҳои маҳаллӣ, ҳамлаи мушакӣ аз сӯи ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, ки мушакҳо дар як манзил дар шаҳри Мироншоҳ, воқеъ дар минтақаи қабоилнишини Вазиристони шимолӣ, инфиҷор шудаанд.
Мақомоти Покистон аз мушакандозии ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ ба қаламрави кишвар изҳори норозигӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ин ҳамлаҳо, аз як сӯ, нақзи истиқлоли Покистонанд ва, аз сӯи дигар, сатҳи нафрату адоват нисбати Амрико миёни мардуми маҳаллиро боло мебаранд.
XS
SM
MD
LG