Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи Олӣ гаронтар мешавад


Дастаҳои футболии Тоҷикистон барои иштирок дар сабқати Лигаи Олӣ дар соли 2010 бояд пули бештар пардозанд. Ҳаққи бозӣ дар Лигаи Олӣ нисбат ба соли 2009 панҷ ҳазор сомонӣ бештар шудааст. «Варзиш-Спорт» бо такя ба федеросюни футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳамакнун, дастаҳои Лигаи Олӣ бояд 40.000 сомонӣ, муодили 9,2 ҳазор доллар, пардохт намоянд.

Барои бозӣ дар Лигаи аввал 5.000 сомонӣ кофӣ хоҳад буд ва барои иҷозаи талош барои Ҷоми Тоҷикистон ҳамагӣ 1.000 сомонӣ лозим аст.
Дар мавсими нав ҳаққуззаҳмаи доварон ва инспекторҳо низ баланд хоҳад шуд. Довари майдон барои ҳар бозӣ 300 сомонӣ ва ёварони ӯ 200 сомонӣ ҳар яке хоҳанд гирифт. Ҳаққи инспектор 250 сомонӣ ҳисоб шудааст ва ба довари эҳтиётӣ 100 сомонӣ хоҳанд дод.

Дар Лигаи якум ҳаққи хидмати доварон каме поинтар аст: - довар дар майдон 100 сомонӣ, ёвари довар 70 сомонӣ, инспектор 100 сомонӣ.
Барои хидмат дар бозии сабқати дублёрҳо довари асосӣ 50 сомонӣ ва ёварони ӯ 30 сомонӣ ҳар яке хоҳанд гирифт. Ба инспектори ин бозиҳо 40 сомонӣ хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG