Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи парлумониро 600 нозир назорат мекунанд


Ба иттилоъи Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ба хотири назорати ҷараёни овоздиҳӣ дар интихоботи парлумонии кишвар тақрибан 600 нозири байнулмилалӣ вориди Тоҷикистон мешаванд. Раиси КМИР Мирзоалӣ Болтуев имрӯз дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки теъдоди бештари нозирон аз Ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд, Созмони ҳамкориҳои АвруОсиё, Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Иттиҳодияи Аврупо хоҳанд буд.
Шоми чаҳоршанбе, ба думболи аз сӯи Маҷлиси намояндагон пазируфта шудани ҳайати нави Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон нахустин нишасти Комиссиюн баргузор гардид. Дар ин нишаст Муҳибулло Додоҷонов раиси дафтари КМИР интихоб шуд. Аъзои Комиссиюн масоили марбут ба ташкили қитъаҳои интихоботӣ, таъсиси маркази иттилоотии КМИР ва гурӯҳи корӣ барои баррасии арзу шикоятҳоро баҳсу баррасӣ карданд.
Интихобот ба Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ ва ноҳиявӣ рӯзи 28 феврали соли 2010 баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG