Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се зинаи поинтар дар рейтинги ФИФА


Мунтахаби Тоҷикистон дар охирин рейтинги имсолаи ФИФА 3 мақом поин рафта, ҷои 165-умро ба худ ихтисос додааст. Тоҷикистон соли 2009-ро дар рейтинги ФИФА аз ҷойи 146-ум сар карда буд.

Аммо дар тӯли тамоми сол мунтахаби кишвар ягон бозии на расмӣ ва на дӯстона доир накарда, ва боре ҳам бозигарони мунтахаб дар тамрине ба ҳам наомадаанд.

Тоҷикистон ҳамакнун соли 2009-ро дар рейтинги ФИФА миёни мунтахабҳои Пуэрто-Рико ва Филиппин ба охир мебарад. Дар миёни мунтахабҳои собиқ Шӯравӣ ҳамоно Тоҷикистон аз ҳама поинтарин аст, в адар миёни мунтахабҳои осиёӣ низ ду зина поин рафтааст.

Даҳгонаи беҳтарини ҷаҳон дар рейтинги ФИФА:
• 1) Испониё
• 2) Бразил
• 3) Ҳолланд
• 4) Итолиё
• 5) Португалия
• 6) Олмон
• 7) Фаронса
• 8- Аргентина
• 9) Инглистон
• 10) Хорватистон

Дар даҳгонаи беҳтарини ҷаҳон комилан ҳеҷ тағйироте рух надодааст. Ҳама дар ҷойи қаблии худ.

Даҳгонаи беҳтарини Осиё дар рейтинги ФИФА (дар қавс мақоми мунтахаб дар рейтинги ҷаҳонӣ):
• 1) Австралия (21)
• 2) Ҷопон (43)
• 3) Кореяи Ҷанубӣ (52)
• 4) Баҳрайн (60)
• 5) Арабистони Саудӣ (63)
• 6) Эрон (64)
• 7) Узбакистон (76)
• 8 – Уммон (79)
• 9) Қатар (86)
• 10) Кореяи Шимолӣ (86)

Даҳгонаи беҳтарини Осиё дар рейтинги ҷаҳонӣ ҷойҳои худро кадоме пеш, ва кадоме қафо кардаанд. Аммо миёни худ ягона тағйирот ин аст, ки Эрон ҷои худро ба Арабистони Саудӣ додааст.

Тоҷикистон дар рейтинги осиёӣ поинтар аз Шри-Ланка, Непал, Малдив, Покистон, Тайвану Мянмар ва Ҳонконг ҷой гирифтааст. Кишварҳои осиёие, ки дар ин рейтинг поинтар аз Тоҷикистон қарор доранд инҳо мебошанд: - Филиппин, Муғулистон, Фаластин, Камбоҷа, Лаос, Гуам, Макао, Бруней, Афғонистон, Бутан ва Тимор-Леште.

Собиқ Шӯравиён дар рейтинги ФИФА:
• 12) Русия
• 22) Укроин
• 45) Латвия
• 62) Литва
• 76) Узбакистон
• 80) Беларус
• 94) Молдова
• 100) Арманистон
• 102) Эстония
• 114) Озарбойҷон
• 124) Гурҷистон
• 125) Қазоқистон
• 141) Туркманистон
• 159) Қирғизистон
• 162) Тоҷикистон

Аз миёни мунтахабҳои собиқ Шӯравӣ касе боло ва касе поин рафтааст. Аммо ягона ҷойивазкунӣ миёни Гурҷистон ва Қазоқистон рух додааст.

Ҷойҳои охирин дар рейтинги ФИФА:
• 203) Сан-Марино
• 203) Ангила
• 203) Монтсеррат
• 203) Самоаи амрикоӣ
• 203) Папуа-Гвинеяи Нав

Беҳтарин нишондоди мунтахаби Тоҷикистон дар рейтингҳои ФИФА дар таърихаш ҷойи 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Бадтарин нишондоди Тоҷикистон ҷойи 180-ум дар боз ҳам июли 2003 мебошад. Беҳтарин болоравияш 27 мақом дар моҳи июни соли 1997 мебошад. Бадтарин уфташ – 18 мақом дар октябри соли 2006 мебошад.
XS
SM
MD
LG