Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Facebook, насаберо хондам, ки беихтиёр шахси наҷиберо ба ёдам овард. Шояд ба он сабаб, ки ин номи хонаводагӣ хеле нодир аст. Мумкин дар тамоми дунё яктост -- Ёрасенов.

Аммо исми кӯчак дигар буд -- Комилҷон. Аз рӯи он ки мо, тоҷикон дӯст медорем, ба фарзандонамон номҳои ҳамоҳанги номи худ гузорем, ҳадси ман қавитар шуд, ки Комилҷон писари Олимҷон Ёрасенов, корманди нашрияи "Ба пеш!"-и собиқ ноҳияи Куйбеш аст. Ба Комилҷон пешниҳоди дӯстӣ дар Facebook кардам, бо мамнуният пазируфт, ҳарчанд тафовути синнусол байни мо хеле бузург аст.
Олим Ёрасенов аз мушкилоту печидагиҳои мардуми деҳот менавишт, аз бетаваҷҷӯҳии мансабдорон, қонуншиканиҳо, фасоду ришват, мактабу маориф...

Муддате пас, чун ин суол маро ором намегузошт, аз ӯ пурсидам, оё ҳамнасаби худ -- Олимҷон Ёрасеновро мешиносад? Посух дод, оре, вай падари ман аст, падари азизи ман. Посухаш сози дарду анджӯҳ дошт.

Олим Ёрасенов яке аз беҳтарин журналистони матбуоти ноҳиявии Тоҷикистон буд. Шахси қоматбаланди зебо, чашмони барроқ, лабони хандон ва чеҳрае пур аз нур. Бо ӯ солҳое ошно шудам, ки ҳамчун донишҷӯ моро ба собиқ ноҳияи Куйбеш пахтачинӣ мебурданд. Ситоди мо дар канораи шаҳраки Уялӣ буд, вале Олимҷон дар маркази ноҳия мезист. Вай пас аз хатми факултаи мо ба ин ҷо роҳхат гирифта буд.

Ҳафтае се бор нашрияи "Ба пеш!" ба дасти мо мерасид ва ҳарчанд аввал аз бекорӣ онро мехондем, бо сабаби мақолаҳои О. Ёрасенов тадриҷан ба яке аз мухлисони ин нашрия ва хоса журналист Ёрасенов табдил ёфтам. Навиштаҳои ӯ аз матолиби дигар ба куллӣ фарқ доштанд ва аз аввалин ҷумлаашон касро банди худ мекарданд. Пас аз ҷумлаи аввал, дувумро меходӣ, сипас савумро ва намедонистӣ, ки дар кӯтоҳтарин фурсат мақоларо ба поён бурдаӣ. Мо, донишҷӯёни бахши журналистика гоҳе бар сари ин ё он навиштаи ӯ баҳсҳо меардем, вале ақидаи умумӣ ин буд, ки фарқ надорад, журналист дар куҷо ва чӣ мақом кор мекунад, ҳунар чизест, ки дурахши он дар ҳама ҷо яксон аст.

Акси замони донишҷӯии Олимҷон Ёрасенов
Ниҳоят, боре зарур шуду ба бемористони маркази ноҳия рафтам ва аз он ҷо саре ба идораи нашрия задам, то бо Олимҷон Ёрасенов шинос шавам. Вай аз мани донишҷӯ мисли як дӯсти наздикаш пазироӣ кард, аз устодони факулта пусрон шуд, солҳои таҳсилашро ба ёд овард ва сипас навиштаҳои шогирдонаи маро хонд, ҳатто якеро барои чоп дар нашрия баргузид. Имрӯз ман писари ӯ -- Комилҷонро дар Facebook мисли худи ӯ, мисли як дӯсти худ пазироӣ кардам.

Солҳои баъд низ мо бо ҳам гаҳгоҳе тамос мегирифтем. Ба ӯ занг мезадам, то ҷузъиёти ин ё он хабарро бифаҳмам. Баъзан мақолаҳои ӯ дар нашрияҳои марказӣ ба чоп мерасид ва аз дидани онҳо шод мешудам. Олим Ёрасенов аз мушкилоту печидагиҳои мардуми деҳот менавишт, аз бетаваҷҷӯҳии мансабдорон, қонуншиканиҳо, фасоду ришват, мактабу маориф, фарҳанг ва муҳити зист. Яке аз навиштаҳои ӯ дар озмуни ҷумҳуриявии матолиби марбут ба ҳифзи табиат ҷоизаи баланд гирифта буд.

Олимҷон мегуфт, журналисти ноҳия маҷбур аст, ба ҳамаи риштаҳо дахл кунад ва ин роҳатро надорад, ки як риштаеро интихоб карда, ба умқи он фурӯ равад. Ёдам ҳаст, рӯи мизаш, зери шиша навиштае намудор буд: "Баъзан маҷбур ҳастӣ, кореро кунӣ, ки намехоҳӣ, вале бояд бикунӣ." Манзураш шояд ин буд, ки гоҳе маҷбур буд, мавзӯъи супоришӣ ва дилнохоҳеро пайгирӣ кунад. Аммо ҳар кореро, ки ба даст мегирифт, тамоми ҳунару дониш ва тавонашро рӯи он мегузошт ва дар натиҷа мақолаи хонданию муҳиме ба дунё меомад.

Тирамоҳи соли 1992 дар авҷи ҷанги дохилии Тоҷикистон, Олимҷон Ёрасенов аз тарафи афроди мусаллаҳ дар идораи нашрияе, ки солҳои зиёди умрашро ба он бахшида буд, боздошт ва ба ҷои номаълум интиқол дода шуд. Ин хабар барои бисёриҳо, ки ӯро шахсан ё ғоибона мешинохтанд, мисли силсилаи тирҳои сӯзони рагбор ҷигаршикоф буд. Талошҳои ман ба пайдо кардани ӯ аз тариқи ёру шиносҳо натиҷае надод.

Номи Олимҷон Ёрасенов дар гузоришҳои зиёди ҳалокати журналистони тоҷик дар солҳои ҷанги дохилӣ зикр шудааст ва ахиран дар Девори Хотираи осорхонаи ҷаҳонии журналистон -- Newseum, дар Вошингтон, пойтахти Амрико низ сабт гардид. Ёдаш ба хайр ва равонаш шод.

Комилҷон ҷасади падарро надидааст. Бо дарди падар ба воя расид. Донишгоҳи технологии Душанберо хатм кард ва ба ноҳия баргашт. Ҳоло дар намояндагии Express Pay кор мекунад ва дар вақтҳои холӣ барномаҳои компютерӣ месозад. Аз фаъолони Facebook ва куллан интернет аст. Поку тамиз кор мекунад.

На танҳо Комилҷон, балки ҳеҷ каси дигар ҳам ҷасади Олимҷон Ёрасеновро надидааст. Барои ҳамин ҳамсару фарзандони Олимҷон ҳамеша чашм ба дару гӯш ба занганд. Онҳо бовар доранд, ки Олимҷон дар куҷое дуродур саргардон аст ва чизе намегузорад, ки ӯ ба ватан баргардад, аммо рӯзе дарро боз кардаву бо ҳамон лабханди ширинаш "салом, ман омадам" хоҳад гуфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG