Пайвандҳои дастрасӣ

Соли 1977 дар кӯҳистони Тоҷикистон дар оилаи Ширинбековҳо тифле ба дунё меояд ва ӯро Олим ном мегузоранд. Шояд он замон волидайни ин навзод тасаввур ҳам намекарданд, ки фарзанди онҳо дар синни ҷавонӣ, дар яке аз бузургтарини шаҳрҳои ҷаҳон дар ҳақиқат ҳам олим мешавад.

Олими Ширинбек, ҷавонтарин доктори илми тиб, ки дар оилаи пизишкон зода шудааст, мегӯяд, дар манзили онҳо китобхонаи бузурги тиббӣ вуҷуд дошт, ки мутолиаи пайвасти ин китобҳо барои интихоби касби ояндааш нақши муассир гузоштааст. Дилбастагӣ ба ин соҳа ӯро ба Донишгоҳи тиббии ба номи Синои шаҳри Душанбе мебарад. Ба гуфтаи Олим, таҳсили ӯ ба замони бесарусомониҳо ва мушкили иҷтимоиву иқтисодӣ рост омада буд.

«Бори аввал ман ба донишгоҳ соли 1994 дохил шуда будам, аммо бо сабабҳои сиёсӣ натавонистам ба Душанбе оям. Соли баъдӣ, яъне 1995 низ пур аз мушкилот буд ва инчунин дар донишгоҳ китобҳои таълимӣ намерасид. Вале ин ҳама маънои онро надорад, ки таҳсил намудани мо бесамар буд. Чунки билохира аз худи шахс вобаста аст, ки ӯ чӣ гуна таҳсил мекунаду илм меомӯзад. Ман фикр мекунам аз соли 1995 то 2001, ки дар Донишгоҳи тиббии Душанбе таҳсил кардам, бароям пурсамар буд.»

Олим Донишгоҳи тиббиро соли 2001 бо дипломи аъло хатм мекунад. Ва ҳамон сол тавассути интернет бо яке аз барномаи байналмилалии таҳсилот ошно мешавад ва пас аз ширкат дар озмуни ин барнома ғолиб меояд. Олим мегӯяд, тибқи ин барнома ӯ метавонист ё дар яке аз кишварҳои ғарбии Аврупо таҳсил кунад ва ё дар Маскав.

«Шаҳре, ки ман интихоб кардам, Маскав буд.Чун ман фикр кардам, ки он донишу малакаеро, ки ман дар Душанбе гирифтам, бештар ба меъёрҳои хониши кишварҳои собиқ Шӯравӣ баробар меояд. Ин буд, ки ман роҳи Маскавро пеш гирифтам ва дар Фарҳангистони улуми тибби Русия, аз рӯи ихтисоси ҷарроҳи умумӣ таҳсили баъди дипломиамро идома додам.»

Мусоҳиби мо иқрор мекунад, ки таҳсилу кор ва зиндагӣ дар Маскав барояш мушкил буд ва ӯ дар роҳи тасхири ин шаҳри бузург рӯзҳои сахтеро пушти сар кардааст. Аммо, ба қавли Олим, чун ӯ ҷавони кӯҳистонӣ буд ва аз овони бачагӣ устухонаш ба ҳамин мушкилиҳо ба истилоҳ «шах шудааст»- ба ин ҳама сахтиҳо тоб овард. Ва самараи ин сабру таҳаммулро ахиран ӯ ба ҳангоми дифоъи рисоли докторияш чашид. Олим мегӯяд, агар ба Маскав намеомад, фикр намекунад, ки ба чунин муваффақиятҳои илмӣ дар Тоҷикистон даст меёфт.

Олими Ширинбек дар баробари кор дар яке аз бемористониҳои бонуфузи шаҳри Маскав, дар ҳайати созмони хайрхоҳонаи мавсум ба «Пизишкони ҷаҳон», дар барномаи «Беҳдоштии муҳоҷирон » ба ҳайси мушовири тиббӣ фаъолият дорад. Ӯ мегӯяд, дар доираи ин барнома талош мекунад, то ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик кӯмаки беҳдошӣ расонад. Аз ҷумла, ба гуфтаи Олим, дар давоми як соли фаъолияти ин барнома ба онҳо 1,5 ҳазор муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ муроҷиат кардаанд, ки беш аз 70 дарсади онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

«Аксари муҳоҷирони тоҷик дар баёни фикр бо забони русӣ мушкил мекашанд ва ин аст, ки наметавонанд оид ба мушкилоти саломатияшон сӯҳбат кунанд. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки бештари онҳо саломатии хуб надоранд. Ва мо дар соҳаи тиббӣ кӯшиш мекунем барои муҳоҷирон роҳнамо бошем. Бояд бигӯям, яке аз бемориҳое, ки миёни муҳоҷирони тоҷик маъмул аст ва моро хеле нигарон мекунад сил аст. Ва бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия иқомат доранд, намедонанд, ки табобати сил барои ҳама ройгон мебошад.»

Олим 8 сол инҷониб дур аз Тоҷикистон ба сар мебарад ва мегӯяд, бештар аз ҳама ӯро ёди ватан азият медиҳад. Ба гуфтаи Олим, чун бо тақозои кору зиндагӣ дар Маскав бо забонӣ русӣ ҳарф мезанад, бештар вақт забони тоҷикиро ёд мекунад. Ӯ мегӯяд, ояндаи худро танҳо дар Тоҷикистон мебинад.«Ёди ватан ҳамеша бо мост. Мо пазмони обҳои сарди кӯҳистону нонҳои гарми танӯрҳои ватан ҳастем.»

Мусоҳиби мо гуфт, то имрӯз ҳар ҳадафе, ки дар пеш гузошта буд, ба он даст ёфт. Ва ба суоли мо ки оё ин навбат барои расидан ба кадом мақсад талош хоҳад кард, Олим гуфт, ҳоло ҳамагӣ як орзу дорад.

«Мақсади ниҳоии ин ҳама рисолаҳову илмомӯзӣ хизмат ба халқ аст. Умедворам аз он рӯзе, ки барои ватан ва мардуми худам хидматгузор бошам. Чун бузурге фармудааст:
Ибодат ба ҷузъ хидмати халқ нест,
Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест.»

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG