Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди таъсиси Бунёди нави байнулмилалӣ


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши ҷаҳонии тағйири иқлим дар Копенгаген асосҳои созишномаи нав ҷиҳати мубориза бо гармшавии саросариро дастгирӣ кард ва пешниҳод намуд, ки як Бунёди байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо дар минтақа таъсис шавад.

Дар суханронии худ раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, боло рафтани ҳарорат ба ҳамагӣ 2-3 дараҷаи Селсий, тибқи пешгӯиҳо, раванди обшавии пиряхҳоро суръат мебахшад ва дар натиҷа ба камшавии оби дарёҳо меорад. Бо назардошти он ки боришот низ кам мешавад ва мизони истифода аз об зиёд мешавад, дар оянда ин ҳолат вазъи минтақаро муташанниҷ месозад.

Президенти Тоҷикистон гуфт, сарфи назар аз он ки Тоҷикистон камтар аз кишварҳои бисёре дар тағйири иқлим гунаҳгор аст, вале бо сабаби ҷойгиршавии ҷуғрофӣ бештар аз дигарон аз ин тағйирот дар иқлим зарар мебинад.

Президенти Тоҷикистон гуфт, дар миёни бештар аз 200 кишвари ҷаҳон Тоҷикистон аз рӯи партобҳои зараровар ҷойи 150-умро мегирад, дар Осиёи Марказӣ бошад, умуман ҷойи охиринро - дар миқёси минтақавӣ танҳо камтар аз 5 дарсади партобҳо аз ҷониби Тоҷикистон будааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон барои ба даст овардани энержӣ бештар ба захираҳои обии худ такя мекунад ва ин роҳи нисбатан безарари дастёбӣ ба энержӣ мебошад.

Раисҷумҳури кишвар гуфт, Тоҷикистон тарафдори шартҳои созишномаи нав оид ба тағйири иқлим мебошад, аз ҷумла эҳёи ҷангалҳо, беҳтар кардани соҳаи кишоварзӣ ва ғ. Ӯ таъкид кард, ки асоси муқоиса бояд нишондодҳои соли 1990 боқӣ бимонанд.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, калиди муваффақияти талошҳои ҳамагонӣ дар мубориза бо тағйири иқлим маблағгузорӣ мебошад. Ӯ гуфт, бидуни маблағгузории кофӣ ва талош барои коҳиш додани партобҳои зараровар ин ҳама хоҳишот бенатиҷа хоҳанд монд.

Эмомалӣ Раҳмон аз он ки тибқи созишнома ҳаҷми ёрии молӣ ва фаннӣ ба кишварҳои рӯбарушд афзоиш меёбад, изҳори хушҳолӣ кард.
Дар ин рӯзҳо раҳбарони тақрибан 120 кишвари ҷаҳон ба Копенгаген меоянд ва ба гуфтушунидҳои тағжири иқлим мепайванданд. Дар ин конфронс ҳамчунин Барак Обама, раисҷумҳури ИМА, Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон, Никола Саркозӣ, раисҷумҳури Фаронса ва дигарон низ суханронӣ хоҳанд кард.

Конфронс ду рӯзи дигар – 17 ва 18-уми декабр идома хоҳад кард ва интизор меравад, ки дар анҷоми он созишнома дар бораи меъёри коҳиши газҳои гулхонаӣ тасвиб бишавад. Ин созишнома Протоколи Киоторо, ки мӯҳлаташ ба анҷом мерасад, иваз хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG