Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико аз созмони афғонии мубориза бо фасод розӣ нест


Як ниҳоди нозири Амрико мегӯяд, созмоне, ки Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон барои мубориза бо ришвахорӣ ташкил додааст, навоқиси ҷиддӣ дорад ва мустақил нест. Дар як бозрасие, ки натиҷаҳои он рӯзи чаҳоршанбе мунташир шуд, ин ниҳоди нозири амрикоӣ бо номи Муфаттиши умумии махсус барои бозсозии Афғонистон гуфтааст, кормандони Созмони мубориза бо фасоди Афғонистон мустақилияти шахсӣ надоранд ва онҳо чун мушовири Ҳомид Карзай низ фаъолият мекунанд. Дар ин гузориш пешниҳод шудааст, ки ин афрод бояд аз як мақоми худ истеъфо диҳанд.
XS
SM
MD
LG