Пайвандҳои дастрасӣ

Ихтилофҳо дар Копенҳаген то ҳол боқӣ мондааст


Конфронси тағйири иқлим, ки онро СММ дар Копенҳагени Дания созмон додааст, баъд аз суханронии раҳбарони кишварҳои Африқо ва Африқои Ҷанбӣ ҳанӯз аз бунбаст раҳо наёфтааст. Мунозирот байни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва кишварҳои нодор то ҳол идома дорад. Абдулло Вадеъ-раиси ҷумҳури Сенегал кишварҳои пешрафтаро ба ваъдахилофӣ муттаҳам кард. Эво Моралис-раиси ҷумҳури Боливия ва Ҳуго Чавез-раиси ҷумҳури Венесуэла кишварҳои сарватмандро муттаҳам карданд, ки онҳо низоми диктаторӣ ба вуҷуд овардаанд. Норберт Роетген-вазири ҳифзи муҳити зисти Олмон гуфт, як гурӯҳи маҳдуди иборат аз 25 кишвар, ки дар миёни онҳо Британияву Олмон ва кишварҳои дигари аврупоӣ ҳастанд, роҳҳои баромадан аз ин бунбастро ҷустуҷӯ мекунанд. Дар ин конфронс Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ширкат дорад. Қарор аст вай низ дар ин конфронс суханронӣ кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG