Пайвандҳои дастрасӣ

Кохи Сафед: Дар Копенгаген START имзо намешавад


Кохи Сафед мегӯяд, интизор намеравад, ки президент Барак Обама дар ҷарёни боздидаш аз Копенгаген бо Русия Аҳдномаи коҳиши аслиҳаи ҳастаӣ ё START-ро имзо кунад. Роберт Гиббс-сухангӯи Кохи Сафед мегӯяд, Амрико ва Русия дар музокирот барои таҳияи аҳдномае ба ҷои аҳдномаи пешин пешрафт ба даст овардаанд. Мӯҳлати аҳдномаи пешин 5-ӯми декабр ба поён расид. Ба гуфтаи Роберт Гиббс, дар Копегнгаген маросиме барои имзо дар назар гирифта нашудааст. Барак Обама 18-ӯми декабр барои ширкат дар конфронси тағири иқлим вориди Копегнгаген мешавад.
XS
SM
MD
LG