Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ба Тоҷикистон $447 миллион кӯмак мекунад


Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи як тарҳи панҷсолаи Барномаи Рушди СММ беш аз 447 миллион доллар кӯмак дарёфт мекунад. Ин барнома солҳои 2010-2015-ро дар бар мегирад. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо Барномаи Рушди СММ қарордод имзо карданд. Ин барнома 4 бахшро дар бар мегирад: коҳиши фақр ва мудирияти муассир, амнияти ғизоӣ ва маводи ғизоӣ, оби соф, муҳити устувори зист ва энержӣ ва хадамоти зарурӣ. Кӯмакҳо ба ин 4 бахш 281 миллион долларро ташкил медиҳад. Тарҳи дуввум ба арзиши беш аз 166 миллион доллар барои рушди иқтисодӣ, ҷилавгирӣ аз СПИД, ҷилавгирӣ аз вуқуъи вазъи фавқулодда ва амсоли он ба масраф мерасад.
XS
SM
MD
LG