Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳокимаи шаҳрвандони Русияву Узбекистон дар Душанбе


Додситонии Кулли Тоҷикистон хабар додааст, ки 6 нафар шаҳрвандони Русия ва 5 нафар шаҳрвандони Узбекистон дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон муҳокима хоҳанд шуд. Дар ин бора намояндаи Додситонии Кулл рӯзи чаҳоршанбе ба матбуот хабар додааст. Тибқи ин хабар Додситонии Кулл ва кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон расидагӣ ба парвандаи онҳоро ба поён расондаанд ва ҳамроҳ бо парвандаҳои Мирзо Зиёев-вазири пешини умури изтирории Тоҷикистон ва ҷонибдоронаш ба додситонӣ фиристодаанд. Ин шаҳрвандони хориҷӣ тобистони соли ҷорӣ дар ҷараёни амалиёти "Кӯкнор-2009" дар Тавилдара боздошт шуда буданд. Онҳо ба ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва талоши сарнагунии низоми қонунӣ дар Тоҷикистон муттаҳам дониста мешаванд. Дар ин амалиёт Мирзо Зиёев ба таври асроромез кушта шуд. Дар маҷмуъ дар ин амалиёт 11 нафар кушта шуданд, ки 5 нафари онҳо шаҳрвандони Русия буданд.

XS
SM
MD
LG