Пайвандҳои дастрасӣ

Наврӯз ҷашни ҷаҳонӣ мешавад?


Эрон пешнависи қатъномаеро ба СММ пешниҳод кардааст ва хостааст, ки Наврӯз ҷашни байналмиллалӣ эълон шавад. Дар сурати тасвиб Наврӯз ба ҷашни байналмиллалӣ табдил хоҳад ёфт. Бо вуҷуди он ки Эрон ҷумҳурии Исломист ва Наврӯз ба давраи пеш аз ислом тааллуқ дорад, вале Наврӯз дар ин кишвар ҷашни миллӣ ва оғози соли нав дониста мешавад. Наврӯзро ҳамчунин дар Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Афғонистону Покистон ва Туркияву Озарбойҷон ҷашни миллӣ эълон кардаанд. Пешнависи пешниҳодкардаи Эрон ба СММ ташаббуси ҳамин кишварҳо низ дониста мешавад. Моҳи маи соли ҷорӣ ЮНЕСКО Наврӯзро ба феҳристи мероси фарҳангӣ ворид карда буд.
XS
SM
MD
LG