Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун хостори имзои созиши одилонаву босамар шуд


Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ, имрӯз дар ҳошияи конфаронси Копенҳаген оид ба мушкилоти тайғири иқлим гуфт, ки "нишаст дар ҳоле муваффақ хоҳад буд, ки агар созиши одилона, босамар ва ҳамаҷониба, бо назардошти манфиатҳои ҳама мамолик, ба вижа, кишварҳои дар ҳоли рушд, ҳосил шавад".
Қарор аст, ки ширкатдорони нишаст то рӯзи ҷумъа дар мавриди чораҳои оҷил ба хотири ҷилавгирӣ аз идомаи гармшавии иқлими сайёра ба тавофуқ расанд. Ва аммо кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли рушд дар робита ба ҳаҷми партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо ва раванди назорати партоби ин газҳо то ҳол ба созиш нарасидаанд.
Дар ҳамин ҳол имрӯз раиси конфаронси Созмони Милал оид ба мушкилоти тағйири иқлим иваз шуд. Акнун ин нишаст таҳти раёсати сарвазири Дания Ларс Лекке Рамсуссен доир мешавад. Сабабҳои иваз шудани раиси конфаронс маълум нест ва аммо раиси пешин – вазири муҳити зист ҳукумати Дания хонум Коннӣ Хедегор гуфтааст, ки табдили раиси нишаст як амри маъмулист
Имрӯз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Копенҳаген суханронӣ мекунад. Ба навиштаи сомонаи интернетии president.tj “дар назар аст, ки раисиҷумҳур таваҷҷӯҳи аҳли башарро ба ҳифзи пиряхҳои азими Осиёи Марказӣ, пешгирӣ аз истифодаи бенизоми захираҳои обии минтақа ва дигар масоили ҳалталаб ҷалб намояд”.
XS
SM
MD
LG