Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоизаи Сахаров ба созмони "Мемориал"


Cе намояндаи "Мемориал" -- Олег Орлов, Людмила Алексеева ва Сергей Ковалев ҳангоми пазириши Ҷоизаи Сахаров дар Страсбург, 16 декабри соли 2009.

Cе намояндаи "Мемориал" -- Олег Орлов, Людмила Алексеева ва Сергей Ковалев ҳангоми пазириши Ҷоизаи Сахаров дар Страсбург, 16 декабри соли 2009.

Парламенти Аврупо имрӯз ҷоизаи асосиаш – ҷоизаи ба номи Андрей Сахаров барои озодии баёнро ба созмони “Мемориал” – як гурӯҳи маъруфи дифоъ аз ҳуқуқи башари Русия супурд.

Сергей Ковалев, намояндаи “Мемориал” дар расми тақдими ҷоизаи Сахаров дар Страсбург гуфт, ин ҷоиза нафақат барои созмони онҳо, балки барои кулли фаъолони ҳуқуқи башар дар Русия аст.

Раиси парлумони Аврупо Ержи Бузек гуфт, ин ҷоиза ба онҳое ҳам арҷ мегузорад, ки дар роҳи набард барои ҳуқуқи инсон ҷони худро қурбон кардаанд, аз ҷумла Наталя Эстемирова – як фаъоли созмони “Мемориал”, ки дар моҳи июли соли ҷорӣ дар ҷумҳурии ҷангзадаи Чеченистон кушта шуд. Ҷоизаи Андрей Сахаров ба номи донишманд ва дигарандеши маъруфи замони шӯравист, ки ба хотири архишҳои демократӣ ва мурооти ҳуқуқи башар аз ҳама имтиёзоти давлати Шӯравӣ барояш қоилшуда гузашт ва дар сангари мухолифин қарор гирифт.

Иржи Бузек гуфт, мутмаин нест, ки агар Сахаров ба созмоне чун “Мемориал” ҳамчунон зарурат доштани Русияи кунуниро мефаҳмид, оё аз ин ифтихор мекард ё хайр?

Дар робита ба ин дар як тамоси телефонӣ бо Светлана Ганнушкина, узви раёсати созмони “Мемориал” аз Маскав, аз ӯ пурсидам, ки созмони “Мемориал” пас аз 21 соли таъсиси ҷоизаи ба номи академик Сахаров барои нахустин бор барандаи он шуд. Яъне мешавад гуфт, ки тақдими ин ҷоиза ба созмони мазкур як ҳодисаи пураҳамият ва таърихӣ аст. Не?

Светлана Ганнушкина: Бале. Созмони мо барои ҳифозат аз ҳуқуқи инсон ташкил ёфтааст. Дар навбати аввал дар Русия. Аммо азбаски ҳуқуқи инсон сарҳад надорад, бо тақозои касб мо дар кишварҳое низ кор мебарем, ки шомили Шӯравии собиқ нестанд. Бахусус бо фирориён кор мекунем, ки онҳо қишри аз ҳама осебпазир ҳастанд. Ҳеҷ кишваре, ҳатто дар Аврупо онҳоро қабул надорад. Аз ҳуқуқи муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ низ ҳимоят мекунем. Яъне талоши мо ин аст, ки бо ҳама қонуншиканиҳо ва ҳодисаҳои марбут ба нақзи ҳуқуқи башар мубориза барем. Дар нуқтаҳои доғи минтақа намояндагиҳои худро дорем, ки бо масоили ҳуқуқ сарукор мегиранд. Имрӯз мо дафтари кории худро дубора дар Чеченистон ифтитоҳ кардем, ки пас аз кушта шудани дӯст ва ҳамкори мо, журналист ва муҳофиқи ҳуқуқ Наталя Эстемирова баста шуда буд. Муҳимтарин масъалаи матраҳ дар Чеченистон поймолшавии ҳуқуқи аслии инсон – ҳуқуқ ба зистан аст. Манъи хушунат, дастрасӣ ба иттилоъ, ҳуқуқи баёни озоди андеша. Ин ҳама масоилеанд, ки бояд сари он кор кард. Мутаассифона, кор бисёр аст.

- Оё шумо фикр намекунед, ки бо тақдими ҷоизаи ба номи Сахаров ба созмони “Мемориал”, ки асосан дар Русия фаъолият мебарад, парлумони Аврупо мехоҳад ба вазъи мушкили риояти ҳуқуқи инсон дар ин кишвар ишора кунад?

Светлана Ганнушкина:
Медонем, ба андешаи ман, ин натанҳо ишора, балки таъкиди рӯирост аст. Чунки маъмулан ин ҷоизаро ба одамоне тақдим мекунанд, ки дар вазъияти бас мушкил фаъолият доранд. Ба ғайр аз ин, се муҳофизи ҳуқуқ аз Русия барандаи ҷоизаи ба номи Сахаров шуданд, ки ном дорад “Барои озодии афкор”. Шояд дар назари аввал чунин савол ҳам ба миён ояд, ки чӣ тавр мешавад андешаро маҳдуд ё контрол кард. Вале дар асл, ин яке аз озодиҳои асосии инсон аст. Зеро андешаро як чиз метавонад маҳдуд кунад. Ин ҳам тарс аст. Тарс аз он ки одам хатаре ба ҷони худ ва ё пайвандонаш эҳсос мекунад ва зери таъсири ҳамин тарс ӯ андешаву афкорашро фишор медиҳад, ҳақиқатро нагӯяд. Ва дар чунин замони мушкил бисёр муҳим аст, одамоне ба мисли Сахаров рӯйи кор оянд. Бо андеша ва баёни мустақил. Ва тақдими ҷоизаи мазкур бисёр саривақтист, чунки дар Русия маҳз ҳамин фазои тарс аз баёни озоди андеша ҳоким аст.

- Созмони “Мемориал” на як бору ду бор ба кӯмаки муҳоҷирони корӣ дар Русия шитофта ва аз ҳуқуқи онҳо дифоъ кардааст, ки дар ин миён муҳоҷирони тоҷикистонӣ ҳам буданд. Оё Шумо вазъи феълии муҳоҷирони корӣ, бавижа муҳоҷирони тоҷикро дар Русия чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Светлана Ганнушкина:
Бисёр ҳалокатбор аст ҳоли онҳо. Сарфи назар аз ин ки соли 2007 қонунгузории Русия оид ба муҳоҷирати корӣ содатар карда шуд, имрӯз боз ҳам талошҳое барои ташдиди ин қонун анҷом мешаванд, боз ҳам квотаҳо муқаррар мегарданд. Бо ин роҳ мақомот муҳоҷиронро ба будубош ва кори ғайриқонунӣ таҳрик медиҳанд. Ин барои мақомот мафодовар аст, ин натиҷаи фасод аст ва коррупсия бо ин роҳ рушди бештар мекунад. Муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷиконро мехоҳанд ҳамеша дар ҳоли тарс қарор бидиҳанд ва зимнан, амалиёти миллатгароёнаи баъзе гурӯҳҳои экстремистӣ аз сӯйи диораҳои муайян пуштибонӣ меёбанд. Ман бисёр дар ҳайратам, ки чаро мардум дар Русия бо эҳсоси бадбинӣ нисбат ба тоҷикон муносибат мекунанд. Эҳтимол, ин ки худи онҳо тавони муқобила ва аксуламал ба чунин муносиботро надоранд, боиси афзоиши мушкилоти кору зиндагии муҳоҷирони тоҷик дар Русия шудааст. Ягона роҳи ислоҳи вазъ содасозии қонун ва шароити қабули муҳоҷирон ба кор мебошад. Дар навбати аввал барои шаҳрвандони он кишварҳое, ки бо Русия низоми раводид надоранд. Бо назардошти ин ки Тоҷикистон бо Русия муносибатҳои хуби сиёсӣ дорад, чаро ба муҳоҷирони тоҷик имтиёзот барои вуруд ва кор дар Русия дода нашавад?
XS
SM
MD
LG