Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси конфаронси Копенҳаген иваз шуд


Раиси конфаронси СММ оид ба мушкилоти тағйири иқлим иваз шуд. Акнун ин нишаст таҳти раёсати сарвазири Дания Ларс Лекке Рамсуссен доир мешавад. Сабабҳои иваз шудани раиси конфаронс маълум нест ва аммо раиси пешин – вазири муҳити зист ҳукумати Дания хонум Коннӣ Хедегор гуфтааст, ки "табдили раиси нишаст як амри маъмулист"
Қарор аст, ки ширкатдорони конфаронс то рӯзи ҷумъа дар мавриди чораҳои оҷил ба хотири ҷилавгирӣ аз идомаи гармшавии иқлими сайёра ба тавофуқ расанд. Ва аммо кишварҳои пешрафта ва дар ҳоли рушд дар робита ба ҳаҷми партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо ва раванди назорати партоби ин газҳо то ҳол ба созиш нарасидаанд. Қарор аст имрӯз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Копенҳаген суханронӣ кунад.
Дар ҳамин ҳол имрӯз садҳо нафар ба хиёбонҳои Копенҳаген рехта, алайҳи рукуд дар конфаронси СММ оид ба мушкилоти тағйири иқлим эътироз карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, кормандони полис ба хотири пароканда кардани тазоҳургарон, ки сӯи макони конфаронс мерафтанд, аз гази ашковар истифода намуданд. Тақрибан сад тан аз тазоҳургарон боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG