Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ояндаи равобити Амрико бо Осиёи Марказӣ


Ҷорҷ Крол, ёвари вазири умури хориҷии Амрико.
Ҷорҷ Крол, ёвари вазири умури хориҷии Амрико.

Дар Сенати Иёлоти Муттаҳида сиёсати ҳукумати президент Обама дар баробари кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди таҳлил ва арзишёбӣ қарор гирифта, панҷ самти асосии дурнамои ин сиёсат муайян гардид.

Ин нишаст бо ширкат ва суханронии ёвари вазири умури хориҷии Амрико, Ҷорҷ Крол, ёвари вазири дифои Иёлоти Муттаҳида, Дейвид Сиднӣ ва ду коршинос, профессор Стефан Бланк аз Пажӯҳишгоҳи мутолиоти стратегии Коллеҷи ҳарбии Амрико дар Пенсилвания ва Марта Брилл Олкотт аз Маркази Карнегӣ дар Вошингтон баргузор гашт.

Дар ин нишаст пеш аз ҳама иқрор шуд, ки Иёлоти Муттаҳида ба Осиёи Марказӣ аз зовияи амалиёти нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон ва вазъ дар Покистон менигарад. Инро сенаторҳо як назари тангу маҳдуд номиданд ва хостори равобити густардатар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шуданд.

Сониян, маълум гардид, дигаргуниҳои чанд соли охир ба сиёсати Амрико дар Осиёи Марказӣ таъсири ночиз доштааст, яъне ин тағйирот аз тарафи тарроҳони сиёсат ба эътибор гирифта нашудааст. Аммо ба сурати умум ва дар хулосаи нишаст панҷ самтгирии калидии сиёсати Иёлоти Муттаҳида дар Осиёи Марказӣ номбар шуданд.

  • Якум, густариши минбаъдаи ҳамкории Вошингтон бо давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади пуштибонӣ аз Нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ва таҳкими равобити дуҷониба бо ҳадафи таъмини устувории Шабакаи шимолии икмолотӣ.
  • Дувум, рушд ва гуногуни дар масири интиқоли захоири энержии минтақа ба хотири таъмини амнияти энержии байнулмилалӣ.
  • Савум, пуштибонӣ аз озодиҳои бештари сиёсӣ ва мурооти ҳуқуқи башар. Дар шарҳи ин нукта гуфта шуд, ки кӯмак ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бунёд ва таҳкими ниҳодҳои замонавии сиёсӣ ва ҷомеаи маданӣ ба маънии кӯмак ба истиқлолият ва рушди онҳо хоҳад буд.
  • Чаҳорум, мусоидати Амрико ба рушди иқтисоди бозор ва идомаи ислоҳоти иқтисодӣ. Дар ин бахш гуфта шуд, Иёлоти Муттаҳида бояд кӯмакҳои молии худро ба давлатҳои Осиёи Марказӣ афзоиш диҳад ва ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии миёни онҳо мусоидат кунад.
  • Панҷум, талош ба пешгирӣ аз фурӯпошии давлатҳои минтақа. Намояндаи Вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, фақр, машаққати мардум ва қочоқи минтақаии маводи мухаддир, камбуди тавонмандии давлатҳо дар мудирият, маориф, беҳдошт ва меъёрҳои иқтисодӣ ба ҳастии онҳо таҳдид мекунанд. Аз сӯи дигар, фасод ба нокифоятиҳои иқтисодӣ ва заъфи сиёсӣ сабаб мегардад.

Дар чунин ҳолат имконияти шикасти давлатдорӣ махсусан дар Тоҷикистон ва Қирғизистон хеле зиёд аст. Мо, гуфт Ҷорҷ Крол, ёвари вазири умури берунаи Амрико, кӯмакҳои худро ба онҳо дар масъалаи озуқа ва амният идома хоҳем дод.
XS
SM
MD
LG