Пайвандҳои дастрасӣ

Ошкори 14 далели мубталоӣ ба "зукоми хук" дар Тоҷикистон


Намояндагии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон эълом кард, ки то имрӯз дар ин кишвар 14 мавриди гирифторӣ ба бемории “зукоми хук” сабт шудааст. Майсара Қурбонова, корманди дафтари матбуоти вазорати ҳифзи сиҳати Тоҷикистон, ин иттилоъро тайид кард ва афзуд, ки 9 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ ва фақат чаҳор нафар шаҳрвандони Тоҷикистонанд.
Дар ҳамин ҳол Крейг Ҳемптон, намояндаи барномаи вокуниши сареъи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то имрӯз ягон ҳодисаи даргузашт бар асари бемории зукоми хук дар Тоҷикистон сабт нашудааст. Ӯ афзуд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз доман задани ин маризӣ дар Тоҷикистон ҳафтаи оянда тадобири бештари беҳдоштӣ амалӣ хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG