Пайвандҳои дастрасӣ

Достони умри гуруғлисаро


Гуруғлисаро ва шоир Қурбоналӣ Раҷаб

Гуруғлисаро ва шоир Қурбоналӣ Раҷаб

Гуруғлихонӣ аз ҳунарҳои қадимии мардуми Осиёи марказӣ, минҷумла тоҷикон аст. Дар гузаштаи начандон дур мардум ба шунидани гуруғли таваҷҷӯҳи зиёд доштанд ва маросиму маъракаҳо, ба хусус дар кӯҳистон бе ширкати гуруглисароҳо доир намешуд.

Дар расонаҳои хабарии вақти Тоҷикистон соати махсуси гуруғлисароӣ буд, ки мухлсиони хоси худро дошт ва мардум сахт интизорӣ ҳам мекашиданд. Аксари достонҳои таърихиро мардум маҳз аз тариқи гуруғлисароён мешуниданд.

Шумораи онҳое, ки даҳҳо ҳазор байти ин достони куҳанро аз ёд медонистанд ва шабҳои дарози зимистонро бо қиссаҳои ҳамосӣ пур мекарданд низ зиёд буд ва онҳо шогирдони зиёдеро ҳам тарбия мекарданд.

Аммо феълан мактаби гуруғлихонӣ дар Тоҷикистон сар ба суқут аст ва афроде ҳам гуруглихонӣ мекунанд, хеле пир гаштаву шумораашонро бо ангушт мешавад ҳисоб кард. Наворбардори радиои «Озодӣ» тасодуфан бо яке аз ин нафарони маъруфи санъати гуруғлихонӣ, шоири халқӣ Қурбоналӣ Раҷаб вохӯрд ва соате дар сӯҳбати ӯ буд:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG