Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идомаи кӯмакҳои СММ ба Тоҷикистон


Расми имзои санадҳои муҳим, Душанбе, 16 декабри соли 2009.

Расми имзои санадҳои муҳим, Душанбе, 16 декабри соли 2009.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон расми имзои Барномаии Созмони Милали Муттаҳид дар кӯмак ба рушди Тоҷикистон дар солҳои 2010-2015 ва нақшаи амали Тоҷикистон дар ин робита баргузор гардид.

Буҷети умумии Нақшаи амалии Барномаи СММ барои Тоҷикистон 166,6 миллион долларро ташкил медиҳад.
Дар ин Барнома диққати асоси ба масъалаҳои муҳими ҷомеаи Тоҷикистон, аз он ҷумла мубориза бар зидди бемории сил, рафъи сатҳи камбизоати, бахшҳои хусусӣ, ниҳодҳои шаҳрвандӣ, дода мешавад...

Ба гуфти Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо дар татбиқи Барномаи мазкур афзалияти бештар бо рушди соҳаи энергетикии кишвар, рушди зеҳнӣ, маориф, сармоягузории хориҷӣ ва маҳалӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди ҳазорсола ва ҷилавгирӣ аз бемориҳои вогир аст.

Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, ки як панҷсоларо дар бар мегирад, асосан ба соҳаҳои беҳдошт, маориф, энергетика равона шудааст. То соли 2009 ин тарҳ асосан дар соҳаи кишоварзӣ, маориф, беҳдошт, соҳибкории хурду миёна, сармоягузории маҳалӣ истифода шуд.

Ҳамакнун шурӯъ аз соли 2010 ба ин тарҳ, ҳадафҳои дигар низ изофа шудааст. Дар ин бора зимни имзои Барномаи рушди СММ барои солҳои 2010-2015, роҳбарони Барномаи Рушд дар Тоҷикистон иттилоъ доданд. Ин санадро Фаррух Ҳамралиев вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, Ростислав Вребинсий намояндаи СММ дар Тоҷикистон ва Майкл Ҷонс ҳамоҳангсози доимии СММ имзо гузоштанд.

Растислав Вребинсий бо зикри ҳаҷми маблағи мавриди назар чунин гуфт. «Дар ин Барнома диққати асоси ба масъалаҳои муҳими ҷомеаи Тоҷикистон, аз он ҷумла мубориза бар зидди бемории сил, рафъи сатҳи камбизоати, бахшҳои хусусӣ, ниҳодҳои шаҳрвандӣ, дода мешавад. Бо назардошти вазъи бӯҳрони ҷаҳонӣ ҳам СММ маблағгузориро дар ин тарҳ коҳи надодааст».

Мӯътабари Раштӣ, роҳбари созмони ҷамъиятии «Оштии миллӣ», ки аз соли 2006 инҷониб бо барномаҳои СММ дар самти рушди маориф ҳамкорӣ дорад, мегӯяд, ҳарчанд Барномаи Рушди СММ ҳадафҳои стратегии миллӣ дорад, лоиҳаҳои ин созмон хурд буда, умдатан тавассути ожонсиҳои дигари байналмилалӣ амалӣ мешаванд. «Мо мустақиман мо барномаҳои созандагии Сандуқи ҳимоят аз занон (ЮНИФЕМ) дар 46 мактаби водии Рашт ҳамкорӣ дорем».

Барномаи Рушди СММ аз соли 1997 инҷониб дар Тоҷикистон амал мекунад. Ва ҳар сол ба ҳисоби миёна ҳудуди 22-25 миллион долларро дар Тоҷикистаон маблағгузорӣ мекунад. Ба гуфти Ростислав Вребинсий соли 2008 ҳамагӣ 29 миллион доллар ба Тоҷикистон маблағгузори шудааст.Соли 2010 барои ин кишвар беш аз 25 миллион доллар пешбинӣ шудааст.

Соли 2008 вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар асоси татбиқи Барномаи Рушд сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа то 57 дарсад коҳиш ёфтааст. Ва яке аз ҳадафҳои барномаи Рушд ҳам ин аст, ки дар давоми панҷ соли баъдӣ, ҳар сол сатҳи камбизоатиро то 6 дарсад паст кунад.

Ба гуфтаи Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо шакл гирифтани равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон нисбат ба чанд соли қаблӣ, заминаҳои эътимодро барои идома татбиқи Барномаи Рушди ҳазорсола ва барномаҳои панҷсолаи Рушд бо СММ-ро фароҳам овард.

Барномаи Рушд дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатии Тоҷикистон ва ниҳодҳои Созмони Миллали Муттаҳид таҳия шудааст. Барномаи панҷсолаи ин созмон аз чаҳор соҳаи афзалиятнок: коҳиш додани камбизоатӣ ва мудирияти самарабахш, амнияти озуқа, оби тоза, ироаи хадамоти босифат, муҳити зист ва нерӯи барқ, иборат аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG