Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати чаҳор корманди полиси афғон дар Ҳирот


Бар асари инфиҷори бами канори роҳ дар шимолу ғарби Афғонистон чаҳор корманди полис кушта шуданд. Ин ҳодиса дар вилояти Ҳирот, дар наздикиҳои марз бо Туркманистон, рух дод. Айни ҳол сатҳи хушунат дар Афғонистон болотарин баъд аз шурӯъи амалиёти зиддитеррористӣ дар соли 2001 маҳсуб мешавад. Дирӯз бар асари таркиши маргталабона дар маркази шаҳри Кобул дасти кам 8 нафар, аз ҷумла, ду муҳофизи муовини аввали раисиҷумҳур Аҳмадзиё Масъуд кушта ва тақрибан 40 нафар маҷрӯҳ шуданд. Як рӯз аз ин пеш бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ дар шимол ва ҷануби Афғонистон 16 корманди пулиси кишвар ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG