Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишварро пурра тасдиқ кард.

Бар асоси пешниҳоди раисҷумҳур, Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссияи марказии интихобот ва Мизроб Кабиров, муовини ӯ, ҳамчунон симатҳои худро ҳифз кардаанд. Шаш ҳизби сиёсӣ низ дар ин ҳайат як нафарӣ ва ҲХДТ се намоянда дар ин комиссия дорад. ҲСДТ дар ҳайати КМИР ҳузур наёфтааст.

Феҳрасти пурраи ҳайати нави КМИР

Мирзоалӣ Болтуев, раиси КМИР, дар рӯбарӯи вакилони мардумӣ эълон кард, ки ҳамакнун 41 комиссияи ҳавзаӣ бо шумули намояндагони аҳзоби сиёсӣ ташкил хоҳад шуд. Чилу як ҳавзаи интихотии инфиродӣ ва ҳавзаи саросарии ҳизбӣ дар давоми бист рӯзи баъди тасдиқи салоҳияти КМИР аз сӯи маҷлис бояд комилан фаъол ва омодаи баргузор кардани интихобот бошанд.
Мо севу ним ҳазор қитъаи раъйгирӣ дорем, вале бисёре аз ҳизбҳои мо ин миқдор аъзо надоранд, ки ширкати онҳоро дар ин қитъаҳо таъмин кунанд...


Вакилон аз ҷумлаи намояндагони аҳзоб дар Маҷлиси намояндагон хостори таваҷҷӯҳ ба камбудиҳое шуданд, ки дар интихоботҳои гузашта камисюни интихоботӣ ба он роҳ дода буд. Хусусан дар замонбандӣ нақшаи тақвимии сабти номзадҳо дар гузашта мушкилоте вуҷуд доштааст, ки намояндагони аҳзоб мегӯянд, ба далели он натавонистаанд номзади худро сабти ном кунанд ва ё нозирони онҳо дар маҳал ҳузур пайдо намоянд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили порлумон гуфт, ки интихоботи ояндаи порлумонӣ як имтиҳони бузург барои Тоҷикистон аст ва агар мақомот ва камисюни интихоботӣ дар воқеъ хостори баргузории як интихоботи беолоиш бошанд, бояд ҳузури намояндагони аҳзобро дар қитъаҳои раъйшуморӣ низ таъмин кунанд.

Аммо Мирзоалӣ Болтуев, раиси КМИР Тоҷикистон мегӯяд, ҷой додани намояндагони аҳзоб дар 41 ҳавзаи интихоботӣ қатъист, вале ба сурати ҳатмӣ ҷой додани ин намояндагон дар қитъаҳои райгирӣ ғайриимкон аст. Вай барои ҳатмӣ набудани ҳузури намояндагони аҳзоб дар ин қитъаҳо далели худро пеш меорад ва мегӯяд, «мо севу ним ҳазор қитъаи раъйгирӣ дорем, вале бисёре аз ҳизбҳои мо ин миқдор аъзо надоранд, ки ширкати онҳоро дар ин қитъаҳо таъмин кунанд.»

Ба ҳар ҳол, на камтар аз чилу панҷ рӯз то интихобот, бояд ҳамаи чилу як ҳавзаи интихоботӣ ва қитъаҳои раъйгирӣ барои бар гузории интихобот омода бошанд. Яъне КМИР ҳоло бист рӯзи дигар барои анҷоми ин кор фурсат дорад.

Ба гуфтаи раиси КМИР, қарор аст, интихоботи 28 феврали соли 2010-ро 600 нозири дохилӣ ва хориҷӣ назорат кунанд. Ҳашт ҳизби сиёсии Тоҷикистон ҳаққи муаррифии номзадҳои худро тавассути ҳавзаи ягонаи интихоботӣ доранд. Ин аҳзоб феълан дар садади баргузории анҷуманҳои худ барои таҳияи феҳрасти номзадҳои интихобот ҳастанд. Охирин рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ рӯзи 27 декарбр муаррифӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG