Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 16-уми декабр, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши ҷаҳонии тағйири иқлим дар шаҳри Копенҳаген суханронӣ хоҳад кард.

Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ пешниҳодоти Тоҷикистонро дар мавриди коҳиши газҳои гулхонаӣ матраҳ кунад.

Ҳамроҳ бо президент мушовири давлатии вай дар умури байналмилаливу сиёсӣ Эркин Раҳматуллоев ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ба пойтахти Дания сафар кардаанд.

Дафтари матбуоти раисҷумҳур хабар медиҳад, ҳамчунин қарор аст, ки дар ҷараёни дар ин боздид Эмомалӣ Раҳмон як силсила мулоқотҳои дуҷониба низ анҷом диҳад.

Раҳбарони кишварҳои дигари ҷаҳон низ дар ин рӯзҳо барои ширкат дар конфронси тағйири иқлим вориди Копенҳаген мешаванд.
Онҳо бояд то рӯзи 18-уми декабр роҷеъ ба санаде дар бораи коҳиши газҳои гулхонаӣ ба тавофуқ расанд, то бад-ин тариқ тадобири зарурӣ барои коҳиши ҳарорат дар сайёра ба иҷро гузошта шавад.

Барак Обама, ки дар миёни раҳбарони 120 кишвар аз рӯзи 17-уми декабр дар марҳалаи ниҳоии конфронс ширкат хоҳад кард, изҳори боварӣ кардааст, ки бо вуҷуди ихтилофи назари кишварҳо дар бораи меъёри коҳиши газҳои гулхонаӣ тавофуқ ба даст хоҳад омад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG