Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби санаде дар Амрико бар зидди Эрон


Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико пешнависи қонунеро дар бораи ҷарима бастани ширкатҳои хориҷӣ дар сурати кӯмак ба Эрон ба тасвиб расонд. Ин кӯмакҳо ба додани бензин ба Эрон тааллуқ дорад. Дар Маҷлиси Намояндагон ба ҷонибдорӣ аз ин қонун 412 нафар райи мувофиқ ва танҳо 12 нафар райи мухолиф доданд. Ин қонун такмили қонуни дигарест, ки ширкатҳои хориҷиро барои бештар аз 20 миллион доллар сармоягузорӣ кардан дар бахши энержии Эрон муҷозот мекунад. Акнун ин қонун қабл аз иҷро бояд дар Сенати Амрико низ ба тасвиб расад.
XS
SM
MD
LG