Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Дабири Кулли НАТО вориди Маскав мешавад


Имрӯз Андерс Фог Расмуссен-Дабири Кулли Паймони НАТО дар Маскав бо Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳур ва Владимир Путин-нахуствазири Русия дидор ва гуфтугӯ мекунад. Оқои Расмуссен гуфтааст, вай дар ин дидорҳо хостори кӯмакҳои бештари Русия ба Афғонистон хоҳад шуд. Аз ҷумла, Русия метавонад бо таҷҳизот ва мушовирон ба артиши Афғонистон кӯмак кунад. Расмуссен мегӯяд, ҳоли ҳозир Русия барои интиқоли транзитии маводу коло тавассути қаламрави кишвараш ба Афғонистон бо паймони НАТО ҳамкорӣ мекунад. Дар гуфтушунудҳои Маскав масъалаи дифоъи зидди мушакӣ ва пешниҳоди Русия дар бораи амнияти Аврупо низ баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG