Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз боздиди Бердимуҳаммадов аз Ҷопон оғоз мешавад


Қарор аст имрӯз Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон барои як боздиди серӯза вориди Токио-пойтахти Ҷопон шавад. Интизор меравад, ки дар музокироти раҳбари Туркманистон ва мақомоти расмии Ҷопон мавзӯи энержӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор бигирад, зеро ин кишвари дорои захоири ғании газ дар Осиёи Марказӣ акнун дар Шарқ барои худ бозор ҷустуҷӯ мекунад. Дар аввали ҳафтаи ҷорӣ Туркманистон лулаи гази худро бо Чин пайваст ва ин кор бохти Русия дар контроли захоири энержии Осиёи Марказӣ арзёбӣ шуд.
XS
SM
MD
LG