Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши интиқоли мавод ба Афғонистон аз масири ОМ


Хабаргузории Ройтерз аз қавли вазорати дифоъи Амрико навиштааст, соли ҷорӣ ҳамлу нақли коло ва мавод ба Афғонистон аз тариқи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст. Дэвид Седнӣ-ёвари муовини вазири дифоъи Амрико гуфтааст, дар 11 моҳи соли ҷорӣ тавассути роҳи оҳани Қазоқистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистон тақрибан 5 000 контенер ба афғонистон интиқол ёфтааст. Ин роҳи оҳан аз Русия мегузарад. Оқои Седнӣ афзудааст, баъд аз дастури Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико роҷеъ ба фиристодани 30 000 нируи дигар ба Афғонистон интизор меравад, ки интиқоли коло ба Афғонистон аз ин масир афзоиш ёбад.
XS
SM
MD
LG