Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳороти Бордюжа роҷеъ ба мавзеъгирии кишварҳои СПАД


Рӯзи сешанбе Николай Бордюжа-Дабири Кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ҳоло кишварҳои мушатаркулманофеъ барои ба расмият шинохтани Абхозистон ва Асетияи Ҷанубӣ омода нестанд. дар ин бора хабаргузориҳои Русия иттилоъ додаанд. Вай аз ҷумла гуфтааст, "ман бисёр мехоҳм, ки аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ истиқлоли Абхозистон ва Асетияи Ҷанубиро мисли Русия бишносанд. Аммо ҳар кишвар дар тасмимгириҳои худ озод аст". Вай меафзояд, "ман медонам, ки чаро Тоҷикистону Белорус ва кишварҳои дигар наметавонанд ин корро кунанд. Онҳо ҳоло омода нестанд".
XS
SM
MD
LG