Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмон дар Копенгаген суханронӣ хоҳад кард


Шоми дирӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ барои ширкат дар конфронси тағири иқлим вориди Копенгаген шуд. Интизор меравад, ки вай дар ин конфронс суханронӣ ва пешниҳодҳои Тоҷикистонро дар мавриди коҳиши газҳои гулхонаӣ матраҳ кунад. Дар ин боздид раиси ҷумҳури Тоҷикистонро мушовири давлатии вай дар умури байналмиллаливу сиёсӣ ва вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд. Бино ба хабари дафтари матбуотии раиси ҷумҳур, қарор аст дар ин боздид Эмомалӣ Раҳмон як силсила мулоқотҳои дуҷониба низ анҷом диҳад.
XS
SM
MD
LG