Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дабири Кулли СММ ба ҳамкорӣ даъват мекунад


Дирӯз Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ вориди Копенгаген-пойтахти Дания шуд, то дар музокирот роҷеъ ба тағири иқлим ширкат ҷӯяд. Ҳамоиши Копегнагенро СММ баргузор мекунад. Қабл аз вуруд ба Копенгаген Бан Ки Мун гуфт, ҳоло замоне фаро расидааст, ки кишварҳои дар ҳоли рушд ангушти ишора баланд накунанд ва ӯҳдадориҳои худро дар мавриди коҳиши газҳои гулхонаӣ иҷро кунанд.

"Ҳоло кори мо дар ин ҷо даст ёфтан ба тавофуқ аст, тавофуқе, ки ба нафъи ҳамаи мост ва тавофуқе, ки газҳои гулхонаиро коҳиш медиҳад".

Дар ин ҳамоиш намояндагони беш аз 190 кишвар ширкат доранд. Тодд Стерн-намояндаи Амрико дар ин ҳамоиш ба хабарнигорон гуфт, зоҳиран кишвараш пешниҳод дар бораи коҳиши газҳои гулхонаиро амиқ нахоҳад кард. Вай гуфт, дар ин замина мавзеъгирии Амрикоро Барак Обама рӯшан кардааст.
XS
SM
MD
LG