Пайвандҳои дастрасӣ

Иқдоми Обама барои бастани боздоштгоҳи Гуантанамо


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ба ҳукумати кишвараш дастур дод, ки барои ҷой додани баъзе террористони боздошгоҳи Гуантанамо дар аёлати Иллиной зиндони амн пайдо кунанд. Дар номае, ки дирӯз давлати Амрико мунташир сохт, рӯшан шудааст, ки Обама дар садади раҳо сохтани зиндоние дар қаламрави Амрико нест. Ин номаро, ки ба Пат Квин- волии аёлати Иллиной равона шудааст, Ҳилларӣ Клитон-вазири умури хориҷа ва Роберт Гейтс-вазири дифои Амрико имзо кардаанд. Дар гузоришҳои қаблӣ аз қавли мақомоти давлат гуфта шуда буд, ки Обама ба ҳукумати федеролӣ муроҷеъа кардааст, то Маркази Ислоҳоти Томсонро барои ҷой додани зиндониёни федеролӣ ва баъзе боздоштшудагони Гуантанамо омода кунанд.
XS
SM
MD
LG