Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиёи Марказӣ: Исломгароён дар маҳбас


Созмони байнулмилалии бӯҳроншиносӣ дар гузориши нави худ, маҳбасҳои Осиёи Марказиро ба гармхонаҳое монанд кардааст, ки дар онҳо ситезаҷӯёни исломӣ парвариш шуда, ба эътидоли минтақа таҳдид мекунанд.

Созмони байнулмилалии бӯҳроншиносӣ гузориши навбатии худро ба афзоиши шумора ва аҳамияти сиёсии исломгароён дар маҳбасҳои Осиёи Марказӣ бахшида, гуфтааст, ҳукуматҳо бо дасти худ ҳолатеро ба вуҷуд меоранд, ки тундгароӣ бо ситезаҷӯӣ дар маҳбасҳо бо ҳам омезиш ёфта, хатари бузургеро ба амнияти минтақа ташаккул медиҳад.

Гуфта мешавад, сиёсати сахти ҳукуматҳо дар баробари исломи сиёсӣ танҳо хатари хушунатгароӣ ва ситезаҷӯиро афзоиш медиҳад. Дар ҳоле ки миёни гурӯҳҳои мусаллаҳи исломгаро ва онҳое, ки ба ҳукумат бо василаҳои сиёсӣ мухолифат меварзанд, фарқе гузошта намешавад, ҷудоӣ дар байни мусулмонон ва ҳукуматҳо то рафт фарох мешавад.

Ин раванд дар ҳоле нерӯ мегирад, ки хатари ошӯбгарии исломӣ дар минтақа то рафт бештар мешавад.

Пол Куйин-Ҷаҷ, мудири Барномаи Осиёи марказӣ дар Созмони байнулмилалии бӯҳроншиносӣ

Мудири барномаи Осиёи Марказӣ дар Созмони байнулмилалии бӯҳроншиносӣ, Пол Куйин-Ҷаҷ мегӯяд, "Амалан, вазъе ба миён омадааст, ки мухолифати сиёсӣ ё ошӯби сатҳи паст дар натиҷаи пайвастан бо ситезаҷӯён ва аносири ҷиноӣ дар маҳбасҳо ба чизи бадтаре табдил меёбад. Ҳукуматҳо бояд фавран муколамаро бо гурӯҳҳои исломие оғоз ниҳад, ки хушунатро рад мекунанд."

Афзоиши ҳабм ва маҳкумияти исломгароён танҳо ба пешбурди аҳдофи онҳо мусоидат мекунад ва инро худи мақомоти маҳбасҳо низ тасдиқ мекунанд. Барои намуна, гурӯҳи пинҳонкори Ҳизб-ут-таҳрир, ки ҳадафаш бунёди хилофати исломӣ дар Осиёи Марказист, ва гурӯҳҳои дигар дар фаъолияти худ аз хушунат худдорӣ мекунанд. Ҳукуматҳо садҳо нафар аз пайравони ин гурӯҳро зиндонӣ кардаанд.

Дар маҳбас намояндагони ин ҳизб маҳбусони дигарро ба сафи худ мекашонанд ва махсусан онҳоеро, ки борҳо даст ба хушунату ошӯб задаанд. Ба ин тартиб дар паси деворҳои маҳбас нерӯи наве шакл мегирад, ки ба гуфтаи Созмони байнулмилалии бӯҳроншиносӣ барои амнияти тамоми минтақа хатар дорад.

Беҳтарин роҳ барои ҳукуматҳо, ба қавли пажӯҳишгарони Созмони байнулмилалии бӯҳроншиносӣ оғози гуфтугӯи устувор ва иқдоми қавӣ бар зидди фасоди идорист. Шароити нигаҳдорӣ дар зиндонҳо бояд беҳбуд ёбад ва муҳимтар аз ин, ҳукуматҳо бояд дар ҷомеаи фарох ба масъалаҳои бекорӣ ва фақр расидагӣ кунанд. Инҳо низ аз омилҳое мебошанд, ки ҷавононро ба сафи гурӯҳҳои норозӣ тела медиҳанд.

Мудири Барномаи Осиё дар Созмони байнулмилалии бӯҳроншиносӣ, Роберт Темплер мегӯяд, "чораҳои сахт ва табъйизомези давлат барои таҳкими амният дар минтақа, дар ҳоле ки сояи Афғонистон ба болои он то рафт бузургтар мешавад, фоида надоранд."

Вай рӯ овардани ҳукуматҳоро ба чораҳои сиёсӣ муҳимтар мешуморад.

XS
SM
MD
LG