Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳиби дӯкон сӯи тазоҳургарон оташ кушод


Дар шаҳри Муш, воқеъ дар ҷанубу шарқи Туркия, ҳангоми тазоҳуроти курдҳо ду нафар кушта ва чандин нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, соҳиби як мағоза сӯи афроде, ки дӯконашро ғорат мекарданд, оташ кушодааст.
Намоишҳои эътирозии курдҳо аз рӯзи 11 декабр ба ин сӯ, баъди аз сӯи Додгоҳи Қонуни асосии Туркия манъ шудани фаъолияти Ҳизби ҷомеъаи демократӣ, идома дорад. Ин ҳизби пуштибон аз курдҳо шомили парлумони Туркия буд.
XS
SM
MD
LG