Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мисле, ки бо ҳатмӣ кардани ниқобҳои тиббӣ барои хонандагон масъулин ва ба вижа вазорати маориф, қонеъ нашуда, акнун бо судури як фармони нав, ба хотири солимии хонандагон, дар макотиб қариб 1 моҳ таътил эълон кард.

Ғолибан таътили хонандагон дар фасли сармо 10 рӯз, аз 31-уми декабр то 10-уми январ идома меёфт, вале имсол таътили зимистона ба мӯҳлати 24 рӯз тамдид шуд.

Ҳамакнун, ба гуфтаи Ноилшоҳ Нуралиев, сухангӯи Вазорати маорифи кишвар, таътили зимистона дар мактабҳо аз 29-уми декабр то 24-уми январ давом меёбад. Ба гуфтаи оқои Нуралиев, тағйирот дар ҷараёни таҳсил ба хотири сардӣ ва ҳифзи саломатии хонандагон гирифта шудааст. Ноилшоҳ Нуралиев гуфт, таътил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ибтидоии касбӣ, яъне омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ низ тамдид шуд. Таътили зимистона аз ҳисоби 5 рӯзӣ кам кардани таътили баҳорӣ ва тобистона тамдид мешавад. Имсол таҳсили хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумиии кишвар то 1–уми июни соли 2010 идома меёбад.

Судури чунин як фармоне аз сӯи Вазорати маориф барои тамдиди таътил дар мактабҳо, дар ҳолест, ки ба гуфтаи пизишкон, гирифторӣ ба бемории зукоми мавсимӣ дар кишвар ин шабу рӯз ба фарқ аз зимистонҳои гузашта афзудааст. Бинобар ин, ба гуфтаи бархе аз омӯзгорони макотиби миёна, зарурат ба таътил дар мактабҳо вуҷуд дошт, зеро зукоми мавсимӣ ба давомот ё ширкати хонандагон дар дарсҳо бетаъсир намондааст. Искандар Давлатов, муовини раҳбари мактаби рақами 8-уми пойтахт мегӯяд, дар чанд рӯзи ахир беш аз 400 муҳассилин дар дарсҳо ҳузур надоранд ва сабаб ҳам ин аст, ки аксарият мубталои зукоми мавсимианд. Искандар Давлатов мегӯяд, дар як синф агар зиёда аз 30 хонанда бошад, 10 нафар ё ками кам 8 нафар дар дарс иштирок намекунанд.

Ин ҳам дар ҳоле ки ба гуфтаи оқои Давлатов, омодагии мактаб ба зимистонгузаронӣ хуб буд ва синфхонаҳо ҳам бо бухориҳо таъмин шудаанд. Ҳамчунин, ба хотири ҷилавгирӣ ва паҳншавии бемориҳои мухталиф хонандагон аз ниқобҳои тиббӣ истифода мекунанд.

Дар ҳамин зимн хонандагон низ аз тамдиди таътили зимистона хушҳоланд, зеро мегӯянд, синфхонаҳо сарданд ва хондану навиштан барояшон дар чунин шароит ва бо либосҳои ғафсу нороҳат чандон осон нест. Нилуфар, хонандаи синфи 7–и як мактаби шаҳр: «Охир синфҳомон хунук аст. Грипп мешавем, ин хел мумкин нест. Бар зарари худи мо аст. Мо дар синф ҳоло печка ё ягон бухорӣ надорем. Беҳтар аст, таътил бароем. Дар ин шароит зуком мешавем, боз дарди сари падару модарамон мешавему, маҷбуранд боз пул сарф кардаву, моро табобат кунанд.»

Ба ҳамин тартиб, ба ақидаи аксарият, тамдиди таътил иқдоми зарурӣ буд, вале боз гурӯҳе аз омӯзгорону хонандагон аз ин чандон розӣ нестанд ва мегӯянд, хуб мебуд, агар шароити зимистонгузаронии мактабҳоро беҳтар мекарданду, таътил бетағйир мемонд.

Бояд гуфт, иқдоми аз 10 то ба 24 рӯз тамдид додани таътили зимистона дар мактабҳои кишвар барои аввалин бор аст. Ҳатто дар зимистони бесобиқа сарди соли гузашта, ки пешниҳодҳое ҳам роҷеъ ба зарурати муваққатан баста шудани муассисаҳои таълимӣ садо дода буд ва худи омӯзгорон ҳам аз ширкати ками хонандагон дар дарсҳо нигаронӣ мекарданд, раванди таҳсил ҳамоно бетағйир гузошта шуда буд.
XS
SM
MD
LG