Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳбусони Гуантанамо ба Амрико мекӯчанд


Даромадгоҳи Маҳбаси Томпсон дар аёлати Иллинойс.

Даромадгоҳи Маҳбаси Томпсон дар аёлати Иллинойс.

Мақомоти Кохи сафед мегӯянд, президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, дастур дод, гумонбаршудагони терроризм аз пойгоҳи ҳарбии Гуантанамо дар Куба ба дохили Амрико интиқол дода шаванд.

Ин тасмими калидиест дар иҷрои ваъдаи Обама, ки гуфтааст, маҳбаси Гуантанаморо то соли оянда хоҳад баст. Солҳо бидуни муҳокима нигаҳ доштани гумонбаршудагон дар ин маҳбас сабаби танқидҳои шадиди созмонҳои ҳуқуқи башар шудааст.
Агар мо дар аёлати худ -- Иллинойс маҳбас дошта бошем, тамоми корро мекунем, то он амнияте дошта бошад, ки аз аҳолии осоишта низ ҳимоят кунад. Вале дар айни замон, мо мефаҳмем, ки барои кори бад бояд ҷазо ва ҳабс мавҷуд бошад...

Мақомоти Вашингтон мегӯянд, танҳо "як шумори маҳдуд"-и маҳбусони Гуантанамо ба Маҳбаси Томпсон дар аёлати Иллинойс интиқол хоҳанд ёфт. Ин маҳбас аз тарафи мақомоти маҳаллӣ сохта шуда, режими амнияташ хеле қавист, аммо тақрибан холӣ мебошад.

Мақомоти расмӣ ин маълумотро шарҳ намедиҳанд, вале ёвари сенатори аёлати Иллинойс, Дик Дурбин гуфт, шумораи онҳое, ки ба ин ҷо кӯчонда мешавад, аз 100 нафар беш нахоҳад буд.

Ин тасмими Обама дар ибтидо мухолифати шадид ба бор оварда буд. Мухолифон мегуфтанд, ҳузури ин маҳбусон дар хоки Иёлоти Муттаҳида, ангезаи ҳамлаҳои нави террористӣ ба Амрико хоҳад шуд.

Аммо сенатор Дурбин, ҳокими аёлати Иллинойс, Пат Куйин ва сокинони ҷомеаи хурди Томпсон зоҳиран аз ин тасмим ҳамчун мояи рушди иқтисолдиёти маҳаллӣ истиқбол мекунанд.

Куйин моҳи гузашта аз ин нақшаи Обама пуштибонӣ кард: "Ин як чизи хубест барои аёлати мо, иқтисодиёти мо ва барои амнияти ҷомеа. Мо ба ин хосияти Амрико, ки амният ҳамеша дар ҷои аввал аст, бовар дорем. Агар мо дар аёлати худ -- Иллинойс маҳбас дошта бошем, тамоми корро мекунем, то он амнияте дошта бошад, ки аз аҳолии осоишта низ ҳимоят кунад. Вале дар айни замон, мо мефаҳмем, ки барои кори бад бояд ҷазо ва ҳабс мавҷуд бошад."

Дар ин байн печидагиҳои ҳуқуқӣ дар робита ба боздошти номаҳдуд ва корбасти қонунҳои ҳарбӣ дар Гуантанамо ҳамоно идома дорад. Додгоҳи олии Иёлоти Муттаҳида шикояти чаҳор маҳбуси Гуантанаморо рад кард, ки мехоҳанд, мақомоти аршади Амрикоро барои шиканҷа ва нақзи ҳуқуқи мазҳабии хеш ба додгоҳ кашанд. Додгоҳ мегӯяд, ин мақомоти давлат аз дахлнопазирӣ бархӯрдоранд.

Шаҳрванди Тоҷикистон, Умар Абдуллоеви 30-сола, ки ҳанӯз ҳам дар Гуантанамост, аз додгоҳи Амрико мехоҳад, ӯро ба Тоҷикистон истирдод накунанд, зеро бим дорад, ки дар ватанаш мавриди шиканҷа қарор хоҳад ёфт. Метю О Ҳара, вакили дифоъи Абдуллоев мегӯяд, агар Иёлоти Муттаҳида барои Абдуллоев дар кишвари савум паноҳгоҳ наёбад, Абдуллоев ҳақ дорад, дар Иёлоти Муттаҳида бимонад.

Як парвандаи дигари марбут ба Гуантанамо дар Кения идома дорад. Шаҳрванди ин кишвари африқоӣ ҳукумати худро барои боздошти нодуруст ва ба дасти мақомоти Амрико супурда шуданаш ба додгоҳ кашидааст ва 30 миллион доллар товон мехоҳад.

Чанде аз собиқадорони Гуантанаморо кишварҳои савум, ба монанди Фаронса, Бритониё, Ирлонд, Лаҳистон, Маҷористон ва Булғористон пазиро шудаанд.

Айни замон дар Гуантанамо 215 маҳбус боқӣ мондааст ва президент Обама бори дигар ёдовар шудааст, ки ин маҳбасро то 22-юми январи соли 2010 аз байн хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG