Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озурдагии ҲСДТ аз адами ҳузураш дар КМИР


Раҳматулло Зоиров, раҳбари ягона ҳизбе, ки намояндааш дар КМИР ҷой надорад

Раҳматулло Зоиров, раҳбари ягона ҳизбе, ки намояндааш дар КМИР ҷой надорад

Ҳайати нави Комиссияи марказии интихобо ва раъйпурсӣ барои таъйиди салоҳияташон ба Маҷлиси намояндагон муаррифӣ шудааст. Ҳизби Зоиров дар он ҳузур нахоҳад дошт.

Бар асоси пешниҳоди раисҷумҳур, Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссияи марказии интихобот ва Мизроб Кабиров, муовини ӯ, ҳамчунон симатҳои худро ҳифз кардаанд. Шаш ҳизби сиёсӣ низ дар ин ҳайат як нафарӣ ва ҲХДТ се намоянда дар ин комиссия дорад.

ҲСДТ дар ҳайати КМИР ҳузур наёфтааст.Масъулини ҲСДТ аз ворид нашудани намояндани худ ба ҳайати КМИР Тоҷикистон озурда ва нигарон ҳастанд. Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ, чунин иқдомро ба ҳошия рондани ҳизбаш унвон кард.

ҲНИТ, ҲДТ-ро дар КМИР Ҷалолиддин Маҳмудов ва Юсуфбек Шодмонбеков, ки қаблан низ дар ин комиссия ҳузур доштанд, намояндагӣ мекунанд. Ҳизбҳои навтаъсиси аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, инчунин ҲСТ, ҷиноҳи А. Ғаффоров низ намояндаи худро вориди ин комиссия кардаанд. Се узви дигари КМИР тобеъияти ҳизбӣ надоранд, ба шумули Раҷабалӣ Тағоев, Иззатулло Алиев, Акбаралӣ Сатторов. Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон иттифоқан матраҳтарин чеҳра аз ҷумлаи аъзои комиссия аст.

Феҳрасти комили ҳайати нави КМИР

Ба гуфтаи таҳлилгарон, ҷой додани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва шахсиятҳои ғайриҳизбӣ дар ҳайати КМИР дар ростои ваъдаи раисҷумҳур барои таъмини шаффофияти интихобот қобили арзёбӣ аст. Ба бовари коршиносон, чунин иқдом дарвоқеъ қадаме ҷониби таъмини эътимод миёни давлат ва аҳзоби сиёсӣ барои ҳифзи райъи ҷонибдорони онҳост.

Аммо, дар айни ҳол, бархеи дигари таҳлилгарон мегӯянд, танҳо ҳузури намояндагони аҳзоб дар КМИР кофӣ нест, ки интихоботи шаффоф ва бидуни тақаллубро таъмин кунад. Балки ин усул бояд дар таъсиси комиссияҳои ҳавзавӣ ва қитъаҳои раъйдиҳӣ низ муроот шавад ва намояндагони аҳзоб ва ғайриҳизбиҳо ба ин комиссияҳо ворид шаванд. Он гоҳ итминони бештаре ба баргузории як интихоботи нисбатан шаффоф ҳосил хоҳад шуд. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, аз ҷеҳраҳои саршиноси сиёсӣ, мегӯяд, дар комиссияҳое, ки натиҷаи овозҳоро ҳисоб мекунад ва протоколро тартиб медиҳад, ҳузури аҳзоби сиёсӣ шарти таъмини шаффофияти интихобот аст.

Ҳамакнун, салоҳияти ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро Маҷлиси намояндагон бояд дар иҷлосияи рӯзи 16-уми декабраш тасдиқ кунад.

КМИР баъди тасдиқ аз сӯи Маҷлиси намояндагон, 41 ҳавзаи интихоботиро таъсис ва раисону ҳайатҳои онҳоро тасдиқ мекунад. Чилу як ҳавзаи интихотии инфиродӣ ва ҳавзаи саросарии ҳизбӣ дар давоми бист рӯзи баъди тасдиқи салоҳияти КМИР аз сӯи маҷлис бояд комилан фаъол ва омодаи баргузор кардани интихобот бошанд. Интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои шаҳру навоҳӣ, қарор аст, рӯзи якшанбе, 28-уми феврали соли 2010 доир шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG