Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андози бисёр - буҷаи холӣ


Қирғизистон пас аз ислоҳот дар низоми андозбандӣ бо тасвиби 7 навъ андоз ва ҷамъоварӣ бо ин усул тавонист бахши оидот ва буҷаи давлатро таъмин кунад. Тоҷикистон, ки аз лиҳози тавони иқтисодӣ ҳамсанги Қирғизистон аст, бо ҷамъоварии 21 намуди андоз натавонистааст бахши оидот ва буҷаро пур кунад. Суоле матраҳ мешавад, ки чаро?

Исмоил Талбаков, вакили порлумони Тоҷикистон, ҳалли ин мушкилро дар ислоҳот дар низоми андозбандии Тоҷикистон ва кам кардани теъдоди андозҳо мебинад. Ҷаноби Талбаков гуфт, зиёдӣ ва гаронии андоз боиси сарпечӣ аз пардохти андоз шудааст, ки имкон дорад, қарзи корхонаву муассисаҳо аз андоз то охири сол ба як миллиард сомонӣ дар буҷа бирасад. Ҷаноби Талбаков гуфт, «мо бояд талош кунем, ки на теъдоди андоз, балки андозсупорандагонро зиёд кунем.»

Аммо мақомоти Кумитаи давлатии андоз дар гуфтугӯ бо Озодӣ гуфтанд, ки теъдоди андозҳо зиёд нест ва ин сиёсати андозбандӣ ба рушди Тоҷикистон созгор аст ва ҳеҷ як шаҳрванд, тоҷир, ва ё соҳибкор 21 навъи андозро пардохт намекунад, балки ҳар кас мувофиқи фаъолияташ андоз месупорад. Вале ҳеҷ кас аз Кумитаи андоз то ба ҳол ҳозир нашудааст, ба ин суол посух бидиҳад, ки бар кадом асос соҳибкори инфиродӣ ё тоҷир, ки дар бозор коло мефурӯшад ва аз нақлиёти мусофирбар истифода мекунад, барои истифодаи роҳ андоз супорад.

Даврон Қурбоналиев, коршиноси бахши андоз, зиёдии теъдоди андозро муҳим нахонд, балки ба эътиқоди вай мушкили аслӣ дар бесуботии низоми андозбандӣ дар Тоҷикистон аст. Вай гуфт, сармоягузори хориҷӣ ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ намешавад, ки сармоягузорӣ кунад, дар ҳоле, ки кодекси андози Тоҷикистон дар як сол чанд дафъа тағйир дода шудааст.

Исмоил Талбаков, вакили порлумон аз Ҳизби коммунист, дар ин бора бо коршинос Қурбоналиев розӣ нест. Ӯ мегӯяд, андозе, ки барои рушди иқтисод монеъа эҷод мекунад, бояд лағв шавад. Вай ба унвони мисол гуфт, «ахиран, ман дар Хорватия будам. Дар он ҷо андоз аз замин бардошта шудааст. Далелашро пурсидам. Гуфтанд, теъдоди зиёди мардуми ин ҷумҳурӣ мисли Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ мебошанд ва андозро барои он лағв кардаанд, то муҳоҷирон баргарданд ва дар дохили ҷумҳурӣ фаъолият кунанд.»

Коршинос Даврон Қурбоналиев ба ин назари ҷаноби Талбаков мувофиқ аст. Вай низ ба ин назар аст, ки андозҳои барзиёд дар Тоҷикистон ба сарозер шудани сармояҳои хориҷӣ монеъ мешавад. Вай ба унвони мисол гуфт, «Дар Тоҷикистон як навъи андоз аст. Андоз аз истифодаи роҳ. Ин андоз бар асоси хароҷот ситонида мешавад. Сармоягузори хориҷӣ, ки ба Тоҷикистон меояд, мебинад, ки ҳар қадаре, ки бештар пул масраф кунад, ҳамон қадар бештар барои истифодаи роҳ андоз месупорад ва ба ҳамин далел аз сармоягузорӣ дар Тоҷикистон худдорӣ мекунад. Ҳамчунин навъи андоз дар ҳеҷ кишвари дунё вуҷуд надорад.»

Ба ҳамин далел аст, ки донорҳои Тоҷикистон аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Сандуқи байнулмилалии асъор, муассисаи молии ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва тавсеа ва ниҳодҳои дигар аз Тоҷикистон тақозо кардаанд, то дар низоми андозбандии худ ислоҳоти ҷиддӣ ворид кунад. Ба ин мақсад ахиран як гурӯҳи коршиносони байнулмилалӣ аз созмони «Софреко»-и Фаронса вориди Тоҷикистон шудаанд, то низоми андозбандии кишварро биомузанд ва тавсияҳои худро ҷиҳати ислоҳот дар ин низом ба мақомот ироа кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ ва раиси Оҷонси назорати амволи давлатӣ ва мубориза бо фасод, номукаммалии низоми андозбандӣ боиси тавсеаи бозори сиёҳ ва фасод дар ҷумҳурӣ шудааст. Раиси Бонки миллӣ андозбандии патентиро, ки шомили 3 ё 4 навъи андоз аст, роҳ ба сӯи фасод хондааст. Аммо мақомоти Кумитаи андоз усули андозбандии патентиро навъи хосу судманд дарҷ амъоварии андоз дар Тоҷикистон талаққӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG