Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидор бо афғонҳои асир дар қароргоҳи толибон


Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх рӯзи сешанбе хабар дод, ки кормандонаш дар Афғонистон бо вазъи афғонҳои ба асорати толибон уфтода ошно шуданд. Дар изҳороти кумита гуфта шудааст, онҳо ду бор ба аёдати се корманди хадамоти амнияти Афғонистон рафтанд, ки охирҳои моҳи ноябр дар вилояти Бодғис асир уфтодаанд.
Дидори кормандони Кумитаи Салиби сурх бо афғонҳои асир дар қароргоҳи толибон бори аввал баъд аз шурӯъи амалиёти зидитеррористӣ дар Афғонистон сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG