Пайвандҳои дастрасӣ

"Толибон": Инфиҷор дар Кобул кори дасти мо нест


Ҷунбиши “Толибон” ба инфиҷори ахир дар Кобул ягон рабт надорад. Дар ин бора як намояндаи “Толибон” дар як тамоси телефонӣ бо дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Кобул хабар дод.
Имрӯз бар асари таркиши маргталабона дар маркази Кобул дасти кам 8 нафар кушта ва тақрибан 40 нафар маҷрӯҳ шуданд. Инфиҷор дар канори меҳмонсаро, дар маҳаллаи Вазир Акбархон рӯх дод, ки он ҷо чанд идораи давлатӣ ва намояндагиҳои хориҷӣ ҷойгир шудаанд. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки ҳадафи маргталаб муовини аввали раисиҷумҳур Аҳмадзиё Масъуд буд, ки манзилаш дар минтақаи инфиҷор ҷойгир шудааст. Ба иттилоъи расмӣ дар ин ҳодиса ду муҳофизи Аҳмадзиё Масъуд ба ҳалокат расидаанд. Ба худи муовини аввали раисиҷумҳур осебе нарасидааст.
XS
SM
MD
LG