Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳнамо: “Коҳиши нуфуз ва таъсири ҲНИТ муваққатист”


Абдулло Ҳаким Раҳнамо, таҳлилгар

Абдулло Ҳаким Раҳнамо, таҳлилгар

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар миёни ҳашт ҳизби сиёсӣ дар кишвар, баъд аз ҳизби ҳокими халқӣ–демократӣ, ки раҳбарии онро раисҷумҳур ба ӯҳда дорад, дуввумин ҳизби сернуфуз ва тавонманд эътироф шудааст. Аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки баъд аз имзои созишномаи истиқрори сулҳ дар соли 1997 ва марги муассис ва раҳбари пешини он Сайид Абдуллоҳи Нурӣ нақши ин ҳизб ба унвони ҳаракати исломӣ дар сиёсати Тоҷикистон рӯ ба коҳиш овардааст. Дар бораи нақшу таъсири рӯҳониён ва гурӯҳҳои исломӣ, аз ҷумла ҳизби наҳзати исломӣ дар равандҳои ҷамъиятию сиёсии кишвар бо таҳлилгари тоҷик Абдуллоҳ Ҳакими Раҳнамо сӯҳбате доштем.

Озодӣ: Аксарият динро аз давлат ҷудо мепиндоранд ва ба ин боваранд, ки сиёсат кори уламои ислом нест. Аммо дар асл чӣ вазъеро мушоҳида мекунем?

Раҳнамо: Як силсила намуд ва роҳҳои иштирок ва таъсиргузории сиёсии ислом, уламои ислом, гурӯҳҳои исломӣ ва арзишҳои исломиро дар Осиёи Марказӣ мушоҳида мекунем, ки бисёр вақт онҳо на ба номи сиёсат зоҳир мешаванд. Аз ин рӯ, бовар дорам, ки саҳм ва нақшу ҷойгоҳи ислом дар фазои ҷамъиятию сиёсии ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бештар аз он чизест, ки мо фақат дар таъсири мустақиман сиёсии онҳо мебинем. Масалан, дар шакли ҳизбе, ҳаракате ва ё изҳороте.

Агар дар кулл арзёбӣ кунем, саҳму нақши ислом дар раванди сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ бузург аст. Ин омил аз сӯйи давлат ва низомҳои сиёсӣ низ сарфи назар намешавад. Солҳои ахир худи низомҳои сиёсӣ талош доранд, ки ташаббусро дар саҳнаи ислом ба даст гиранд ва ин ҳам таъсири омили исломӣ ба вазъ аст.

Озодӣ: Шояд баъзеҳо ин суолро диҳанд, ки, масалан, як муллое, ки ҷуз намозу рӯза чизеро намедонад ва ҳамеша сокинонро барои адои маросимҳои динӣ ташвиқ мекунад, чӣ гуна дар равандҳои сиёсӣ нақш хоҳад бозид?


Раҳнамо: Ба назари ман, дар Тоҷикистон ягон гурӯҳҳои исломӣ, ягон гурӯҳи рӯҳониёни ислом аз сиёсат канор нестанд. Ҳамаи онҳо дар сиёсат иштирок мекунанд. Фақат навъу номи ширкаташон гуногун аст. Вақте мо дар бораи Ҳизби наҳзати исломӣ, рӯҳониён ва уламое, ки дар ин ҳизб ва ҳар ҳаракати сиёсӣ ҳастанд, сухан мегӯем, онҳо иштироки худро иштироки сиёсӣ меноманд.

Вақте дар бораи ниҳодҳое чун Шӯрои уламо ва имомхатибҳо сӯҳбат мекунем, гарчӣ онҳо дар изҳороти худ гоҳу ногоҳ дар бораи он ки
Уламои суннатӣ бо нуфузи худ, бо сӯҳбатҳои худ, бо мавқеъгириҳои худ рӯйи равандҳои ҷамъиятӣ, афкори ҷамъиятӣ ва рӯйи равандҳои сиёсӣ таъсири ҷиддӣ доранд.
сиёсӣ нестанд, зикр мекунанд, вале дарвоқеъ онҳо ҳамчун ҷузъи дастгоҳи сиёсӣ ҳастанд. Дар татбиқи сиёсатҳои расмӣ дар соҳаи дин нақш бозӣ мекунанд ва ин нақш таъйин мешавад.

Ҳатто тибқи қонунгузории ҷадиди Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ расидан ба мансаби имом ва имомхатибҳои масоҷид фақат бо ҳамоҳангӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи дин сурат мегирад. Яъне, ин гурӯҳи уламо, ки мо онҳоро уламои расмӣ мегӯем, мавқеи муайяни сиёсӣ доранд. Иштироки муайяни сиёсӣ доранд. Ба ҳеҷ ваҷҳ онҳоро берун аз сиёсат гуфта наметавонем.

Аз ин ҷолибтар, гурӯҳи уламои суннатӣ ҳастанд, ки гӯиё хеле канор аз равандҳо нишастаанд. Вале онҳо бо нуфузи худ, бо сӯҳбатҳои худ, бо мавқеъгириҳои худ рӯйи равандҳои ҷамъиятӣ, афкори ҷамъиятӣ ва рӯйи равандҳои сиёсӣ таъсири ҷиддӣ доранд. Ҳамин ки онҳо дар канор менишинанд, ин як навъ иштироку саҳмгузорӣ аст. Зеро агар онҳо ба саҳна меомаданд, авзоъ ва равандҳо тағйир мекарданд. Илова бар ин, миёни мақомот ва сиёсатмадорон бо ин уламо робитаҳои наздики шахсӣ ҳаст, ки назари онҳоро дар тасмимгириҳо мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳанд.

Озодӣ: Ҳамагӣ хуб медонанд, ки нақшу таъсири ислом ва гурӯҳи рӯҳониёни ислом дар равандҳои ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон баъд аз солҳои навадум чашмгир будааст. Оё мешавад гуфт, ки фаъолияти гурӯҳҳои ислом аз ҳамин давра шурӯъ мешавад ё аз он пештар ё ақибтар?

Раҳнамо: Фаъолияти сиёсии гурӯҳҳои исломӣ дар Тоҷикистон ҳамчун гурӯҳи муташаккил ба аввали солҳои ҳаштодум марбут аст. Аввал ин ҳаракат дар миёнаи солҳои ҳафтодум дар шакли гурӯҳҳо ва кружокҳо ба вуҷуд омад ва баъдан, дар аввали солҳои ҳаштодум дар шакли гурӯҳҳои нисбатан муташаккил.

Замоне ки яке аз фаъолон ва бунёдгузорони ҳаракати сиёсии исломӣ марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар соли 1986 ба ҳабс гирифта шуд, ин санаи рамзист. Зеро дар ин маврид ҳатто низоми Шӯравии пешин дигар эътироф кард, ки ҳаракати сиёсии муташаккили исломӣ дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кардааст.

Аз як сӯ, ин ҳаракати исломии муташаккили ҳизбӣ аз поён шурӯъ шуд ва аз охири солҳои ҳаштодум, хусусан, бо қозии мусулмонон таъйин шудани Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода фаъолияти сиёсии исломӣ аз боло ҳам оғоз ёфт. Дар соли 1990 худи ҷаноби Тӯраҷонзода намояндаи парлумони Тоҷикистон интихоб шуд.

Ҳамчунин, чанде аз уламо, мисли домулло Ҳадиятулло аз Исфара ва Мулло Ҳайдар аз Кӯлоб ҳам вакили порлумон интихоб гардиданд. Илова бар вакили порлумон будан, дар фазои сиёсии кишвар қозии мусулмонони Тоҷикистон нақши калидӣ дошт. Ин ба он маъност, ки ширкати сиёсӣ натанҳо аз тариқи канали ҳизб амалӣ мешуд, балки худи идораи расмии мусулмонон ҳам низ нақши ҷиддии сиёсӣ гирифта буд.

Озодӣ: Аммо дар мавриди он ки нақши ҳизби наҳзат ба унвони як ҳаракати исломӣ дар Тоҷикистон баъд аз имзои созишномаи сулҳ коҳиш ёфтааст, чӣ мегӯед?

Раҳнамо: Дар авоили солҳои навадум, дар канори ин ҳизб ҳам идораи расмии мусулмонон, ҳам уламои анъанавӣ қарор гирифтанд ва
Дурнамои ҲНИТ ин аст, ки шояд дар 15-20 соли оянда ба қавитарин нерӯҳои ҷомеа табдил мешавад.
бино бар шароите, ки дар соли 1992 ба вуҷуд омада буд, нерӯҳои дигари ҷомеа пароканда буданд ва ин ҳизб қавӣ ба ҳисоб мерафт. Хусусан, дар солҳои ҳиҷрат дар хориҷа ин ҳизб ҳам таҷрубаи хориҷӣ ва ҳам кӯмаки хориҷӣ дид ва обутоб ёфт.

Солҳои 1999 ва 2000-ум марҳилаест, ки ҳизби назҳати исломӣ дар авҷи қудрати сиёсӣ, нуфузӣ ва низомии худ буд. Вале агар даҳ соли ахирро мавриди назар гирем, нуфузи ин ҳизб нисбатан коҳиш ёфтааст. Аммо чаро чунин шуд?

Аввалан, он иттиҳоди васеъи мухолифине, ки ташаккул ёфта буд, баъд аз имзои созишномаи сулҳ аз ҳам пошид. Баъзе аз шахсиятҳо ҳам аз ҳизби наҳзат ва ҳам аз ин ҳаракати наҳзати исломӣ берун рафтанд.

Дуввум ин ки, дар ин марҳила ду роҳбари аслии ин ҳизб аз саҳна берун рафтанд. Сайид Абдулоҳи Нурӣ вафот кард ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба сабаби беморӣ аз фаъолияти бевоситаи сиёсӣ аз саҳнаи фаъолият канор рафт. Ва як гурӯҳи калони уламо низ аз ин ҳизб канор рафтанд. Дар натиҷа ҳизби наҳзати исломӣ як нерӯи бузурги маънавӣ, як потенсиали бузурги рӯҳонии худро аз даст дод.

Сабаби дигар ин аст, ки моҳияти равандҳои сиёсӣ тағйир ёфт. Дар ин марҳила наҳзати исломӣ аз як ҳаракати сиёсӣ-низомӣ табдил шуд ба як ҳизби сиёсӣ. Он чи ки ҳизби наҳзат имрӯз мекунад, ҳамчун ҳизби сиёсӣ барои ҳизби сиёсӣ дар давраи осоишта дуруст аст. Яъне, мо имрӯз бояд мо интизор надошта бошем, ки ин ҳизб боз бархезад, ғавғо кунад, муборизаи низомӣ кунад, таҳдид намояд.

Аммо ман ба ин назарам, ки кам шудани нуфузи ҳизби наҳзати исломӣ муваққатӣ аст. Чунки дар дарозмуддат натанҳо ҳизби наҳзати исломӣ, балки дигар гурӯҳҳои ҷомеа ҳам ба арзишҳои исломӣ наздиктар мешаванд. Дурнамои ин ҳизб ин аст, ки шояд дар 15-20 соли оянда ба қавитарин нерӯҳои ҷомеа табдил мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG