Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши қурбониёни оташсӯзӣ дар "Хромая лошадь"


Шаби гузашта дар бемористонҳои Маскав ва Челябинск боз ду тан аз афроди дар тарабхонаи “Хромая лошад” ҷароҳатбардошта аз олам даргузаштанд ва теъдоди қурбониёни ҳодиса ба 148 нафар расид. Айни ҳол 81 нафар таҳти назорати табибон қарор доранд ва вазъи 19 тани онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.
Дирӯз кормандони Додситонии кулли Русия ҳамроҳ бо додситонии Перм тафтиши густардаи таъмини амният аз оташсӯзӣ аз сӯи мақомоти маҳаллиро анҷом доданд.
Сӯхтор дар тарабхонаи “Хромая лошадь”-и шаҳри Перм шаби шанбеи 5 декабр бар асари оташбозӣ рӯх дод. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда панҷ нафар, аз ҷумла, раиси хадамоти оташнишонии устони Перм Владимир Муҳиддинов, боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG