Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зукоми нав ба Ҷиргатол ҳам расид?


Як сокини ноҳияи Ҷиргатол ба эҳтимоли гирифторӣ ба вируси Н1N1 дар бемористони Лахш, 350-километрии шарқи Душанбе бистарӣ шудааст.

Умаралӣ Олимов, мудири маркази тарзи ҳаёти солими беморхонаи марказии Рашт, ба радиои Озодӣ гуфт, феълан, ин бемор бо нишонаҳои эҳтимолии зукоми нав таҳти назари пизишкони беморхонаи минтақавии Лахш қарор дорад. Вай афзуд, намунаи хуни ӯ барои ташхис ба Душанбе бурда шудааст. Оқои Олимов гуфт, ин сокини ҷавони ноҳияи Ҷиргатол ахиран дар вилояти Ӯши Қирғизистон ба сар мебурдааст.

Ҷаноби Олимов гуфт, ташхиси лабораторӣ муайян хоҳад кард, ки ин сокини Ҷиргатол ба зуком гирифтор шудааст ё не. Ӯ гуфт, ниҳоди тобеъи ӯ роҷеъ ба зукоми нав дар ҳама муассисаҳои таълимию беҳдоштӣ нишастҳои омӯзишӣ доир кардааст.

Ҳамчунин, дар Ғарм, бо номи «Дӯконис аломатӣ» як чорабиние доир гаштааст, ки ҷаноби Олимов ҳадафи онро огоҳии бештари аҳолӣ аз зукоми нав арзёбӣ намуд.

Ахиран, дар Суғд як зани ҷавон фавтида, ва нишонаҳои аввалия сабаби марги ӯро зукоми нав нишон медод, аммо баъдан маълум шуд, ки он зан на аз зуком фавтида будааст.
XS
SM
MD
LG